Ҷанҷоли сарироҳии ҷавонон бо куштор анҷомид
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҷанҷоли сарироҳии ду ҷавон бо марги сокини 27-солаи шаҳри Душанбе анҷомид.
Тибқи итттилои ВКД муттаҳам дар ин ҷиноят, сокиини 27-солаи деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб дастгир шудааст: “Боздоштшуда 25-уми апрели соли 2017, тахминан соати 08:10 дар шоҳроҳи Душанбе-Чанноқ, дар ҳудуди деҳаи Ҳушёрӣ бо марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, як бор ба қафаси синаи ӯ задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
ВКД бо зикри ин қазия таъкид намудааст, ки бархе нафарон бо сабабҳои ночиз ба эҳсосот дода шуда, даст ба қатлу куштор мезананд ва оқибати беандешагию бадҷаҳлӣ онҳоро ба паси панҷараи маҳбас мебарад.