Ронандаи “Лексус” писарчаи 2-сола ва бибияшро зер кардааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ронандаи “Лексус RX-330” дар пайи ноуҳдабароияш дар наздикии Душанбе писарчаи 2-сола ва модаркалонашро зер карда, куштаст.
Тибқи иттилои ин ниҳод 24 апрел ронандаи 26-солаи “Лексус RX-330”, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Лоҳур ба самти ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори хонаи истиқоматии марди 29-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрда, зани 49-солаи сокини ноҳияи Восеъ ва набераи хурдсолаш, писарбачаи 2-соларо зер кардааст.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, ҳар ду ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.