АКС: Боздиди Шоҳдухт Заҳро аз навоҳии дурдасти ВМКБ
Шоҳдухт Заҳро Оқохон, духтари Оқохони 4, роҳбари исмоилиёни ҷаҳон, имрӯз, 25-уми апрел ба шаҳри Хоруғ сафар кард.
Тибқи иттилои Нилуфар Асламшоева, сухангӯи ҳукумати ВМКБ Заҳро Оқохонро дар Хоруғ сокинони маҳаллӣ ва роҳбарони вилоят пешвоз гирифтанд: “Дар назар аст, ки Шоҳдухтар Заҳро Оқохон аз мавзеи Лангари ноҳияи Ишкошим, Хидорчеви ноҳияи Роштқалъа ва Ғудараи ноҳияи Рӯшон дидан намояд ва бо барномаҳои Бунёди Оқохон дар ин навоҳӣ шинос шавад”.
Фирӯза Ғуломасейнова, мутасаддии алоқа бо ВАО-и Ташкилоти Оқохон мегӯяд, Шоҳдухт Заҳро 24-уми апрел бо сафари серӯза вориди Тоҷикистон шуд. Ӯ масъулияти идориро дар соҳаи тандурустӣ, маориф ва муҳити зисти Созмонҳои Оқохон оид ба рушд ва муассисаҳои он дар 12 кишвари рӯ ба тараққиро ба зимма дорад.
Буҷаи солонаи Шабака барои рушди иҷтимоӣ тақрибан 600 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон наздик ба 3 ҳазору 500 нафар, ки аксарияташон шаҳрвандони маҳаллӣ мебошанд, дар сохторҳои мухталифи Ташкилоти Оқохон оид ба рушд дорои вазифаву ҷои кор мебошанд.