Э.Раҳмон ва генерали амрикоӣ ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникиро баррасӣ карданд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 25 апрел бо генерал Ҷозеф Л. Вотел, фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникиро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур зимни мулоқот таъкид гардидааст, ки Тоҷикистону Амрико ҳадафҳои муштарак дар таъмини амният ва суботи минтақа доранд.
Манбаъ мегӯяд, генерал Ҷозеф Л. Вотел аз ҳамкории ниҳодҳои низомии Тоҷикистон бо Амрико дар доираи барномаҳои «Дастгирии байналмилалии молиявӣ», «Ташаббуси глобалии сулҳофарӣ», «Таълими низомӣ», «Мубориза бо терроризми байналмилалию гадиши ғайриқонунии маводи мухаддир» ва фаъолияти Маркази миллии таълимии мубориза бар зидди терроризм ва маводи мухаддир дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, ҳарду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои тақвияти бештари ҳамгироӣ дар ин самт таъкид намудаанд.
Ҷонибҳо барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар самти таҳкими иқтидору имконоти неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар сарҳади Афғонистон бо назардошти афзоиши хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ ва фаъолшавии гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.