Кӯлоб: Боздошти мудири мактаб барои “фурӯхтан”-и шаҳодатнома
Раёсати Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоб аз боздошти мудири мактаби №2-и шаҳри Кӯлоб хабар дод.
Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, Ҷ.Ғ. рӯзи 17 апрел аз як сокини шаҳри Кӯлоб барои додани шаходатномаи хатми мактаб 8 ҳазор сомонӣ гирифтааст: “Дар робита ба ин ҳолат тафтишот идома дорад”.
Мактаби №2-и шаҳри Кӯлоб 2108 хонанда ва 148 омӯзгор дорад.