Шӯрои уламо: Порадиҳанда гунаҳкор нест, агар...
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз қавли Расули Худо фатво додааст, ки лаънати Худо бар касоне, ки барои судури ҳукме ришва мегиранд ва ришва медиҳанд.
Ин ниҳод дар посух ба суоли як корбари сомонааш, ки агар порадиҳанда илоҷи дигаре надошта бошад, изҳор доштааст: “Агар шахсе барои дарёфти ҳаққи худ бидуни додани ришва имкон пайдо накунад ва хавфи аз даст рафтани ҳаққаш аз эҳтимол дур набошад, дар ин сурат танҳо ришвагиранда муртакиби гуноҳ мешавад”.
Шӯрои уламо бо такя ба ояти 188-уми сураи “Бақара” таъкид намудааст, ки пора гирифтан ва пора додан аз назари шариат дуруст нест, зеро Худованд мефармояд: “Амволи якдигарро ба ноҳақ махӯред”.