Э.Раҳмон ба Порошенко: Ба ояндаи ҳамкориҳо итминон дорем
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёми табрикӣ ба Пётр Порошенко, Президенти Украина 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни ду кишварро шодбош гуфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш изҳор доштааст, ки “Мо нисбати дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Украина дидгоҳи нек дорем ва итминон дорем, ки дар якҷоягӣ метавонем ба ин раванд бар нафъи ривоҷу равнақи ду кишвар ва таъмини некуаҳволии мардумонамон вусъати бештар бахшем.Ба Шумо, муҳтарам Петр Алексеевич, сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Украина бошад, сулҳу субот ва пешравиҳо орзумандам”.
Манбаъ афзуд, ки дар паёми ҷавобии Порошенко ба Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки тайи чоряк асри гузашта миёни Украина ва Тоҷикистон доир ба аксари масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ҳамеша ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дошт ва ҳамкории дуҷониба дар асоси анъанаҳои чандинасраи дӯстона ва эҳтиром фаъолона рушд мекард: “Украина омода аст, ки минбаъд низ барои густариши самараноки муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар асоси принсипҳои шарикии мутақобила ва эътирофи манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ диҳад”.
Порошенко ба Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом, дар фаъолияти давлатиаш муваффақият ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон шукуфоӣ ва ризоият таманно кардааст.