Нақшаҳои Садриддин: Баргузории консертҳо дар Амрико, Аврупо, Русия ва Тоҷикистон
Садриддини Наҷмиддин, хонандаи номовари попи Тоҷикистон қасд дорад барои аввалин бор дар Амрико барномаҳои ҳунарӣ баргузор кунад.
Ӯ мегӯяд, қарор аст ин барномаҳо баъд аз силсилаконсертҳо дар Аврупо ва Русия то поёни соли равон доир шаванд. Садриддин дар тарҳи интернетие бо номи “Фақат рост бигӯ” дар суҳбат бо журналист Орзу Исоев гуфт, барномаҳои ҳунариаш дар Амрико қарор аст дар чанд шаҳри бузурги ин кишвар роҳандозӣ бигардад. Аммо дар мавриди консерт дар Тоҷикистон гуфт: “Шояд дар Соли нави мелодӣ, шояд дар Наврӯз. Худо ба он рӯзҳо расонад”.
Садриддини Наҷмиддин мегӯяд, силсилаконсертҳояш дар Аврупову Русия аз моҳи июл, баъди Иди Рамазон шурӯъ хоҳад шуд. Ӯ афзуд, дар моҳи Рамазон “хомуш” хоҳад монд: “Ман дар хонаводаи мазҳабӣ ба дунё омадаам ва аз бачагӣ рӯза мегирифтам. Имсол ҳам рӯза медорам”.
Садриддин Наҷмиддин яке аввалин хонандаҳои попи тоҷик аст, ки клипҳояш дар шабакаҳои маъруфи мусиқии форсизабон пахш шуданд.
Тайи чанд соли ахир силсилаконсертҳои ӯ дар Аврупо баргузор мешавад.