Дар шаҳри Тошканди ҷумҳурии Ӯзбакистон мусобиқаи варзишӣ- чемпионати ҷаҳон оид ба «Муай-тай» миёни ҷавонону наврасон баргузор гардид.
Бино ба иттилои Саломат Шарипова, масъули бахши иттилоот ва таҳлили Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ин чорабинӣ варзишгарони 24 давлат, аз қабили Амрико, Бразилия, Англия, Муғулустон, Ҳолланд, Украина, Русия, Қазоқистон, Афғонистон, Ӯзбакистон, Эрону Тоҷикистон ва намояндагони дигар давлатҳо иштирок доштанд.
Бино ба гуфти номбурда, Тоҷикистонро дар ин сабқат Нуриддин Саидов дар вазни 67 кило ва Нусратулло Ғайратов дар вазни 63 кило муаррифӣ карда, ба гирифтани ҷойи аввал сазовор шуданд. Варзишгарони дигари мо- Одил Фозилов дар вазни 57 кило, Диловар Носиров дар вазни 86 кило мақоми дуюмро соҳиб шуданд. Парвиз Зайдулоев дар вазни 75 кило, Шоҳини Шамсиддин дар вазни 71 кило ва Ҷамшед Шарипов дар вазни 60 кило зинаи сеюмро касб карданд.