Шоҳҷоизаи “Парасту 2017” насиби Театри ҷавонон шуд
Намоишномаи “Дирафши коваёнӣ”-и Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2017” шудааст.
“Дирафши коваёнӣ” дар коргардонии ҳунарманди саршинос Нозим Меликов аз рӯи асари безавори “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ таҳия шуда, нақшҳои асосиро Абдумӯъмин Шарифӣ, Бунёд Комилов, Аҳлиддин Ҳасанов, Қамариддин Мирзоев ва Зарина Бадалова бозидаанд.
Ҳайати доварон мақоми аввали Фестивал-озмунро ба намоишномаи “Пизишки паррон”-и Театри драмаи ба номи Лоҳутӣ додаанд. Ин намоишномаро Қурбони Собир аз рӯйи асари Молйер ба саҳна гузоштааст. Мақоми дуввуми ҷашнвора ба Театри Маяковский (намоишномаи “Хонума”) ва ҷойи сеюм ба Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд (намоишномаи “Қалби зан”) дода шудааст.
Доварон ҷоизаи “беҳтарин нақши мардона”-ро ба ду нафар Шуҷоат Ҷалолиддинов (театри Лоҳутӣ) ва Маҳмадсаид Махсумов (театри Данғара) лоиқ донистаанд.
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2017” 18 апрел дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ оғоз гардид ва давоми панҷ рӯз театрҳои Душанбе, вилоятҳои Бадахшону Суғду Хатлон намоишномаҳои худро манзури бинандаҳо карданд. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳадафи баргузории фестивалро "рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармадон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ, анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ” унвон кардааст.
Аксҳо аз саҳифаи фейсбуки Суҳроб Ҷанҷолов, ҳунарманди театри ҷавонон