Ҷанги идеологӣ-интернетӣ: Заъфи мою зӯрии ифротгароён дар чист? (САДО)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мақомоти кишварро ба омодасозии мутахассисоне муваззаф кардааст, ки дар ҷангҳои иттилоотӣ-идеологӣ тавони шикасти мубаллиғони қудратманди ифротгароӣ ва терроризмро дошта бошанд.
Ин дастур дар доираи Стратегияи миллии мубориза бо терроризму экстремизм содир шуда, дар он таъкид гардидааст, ки ҷониби Тоҷикистон ба далели камбуди мутахассис натавонистааст, имконоти интернетро дар ҷангҳои идеологӣ-иттилоотӣ алайҳи ифротгароён пурра истифода барад. Давлати Тоҷикистон нақша гузоштааст, ки руҳониён ва мутахассисони соҳаҳои дигарро дар интернет алайҳи ифротгароён фаъол созад.
Насиҳатҳои куҳна алайҳи “ноу-хау”-ҳои ифротгароён
Ин дар ҳолест, ки Абдуғаффори Камол, пажуҳишгар ва мушовири Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ки шеваҳои кори ифротгароёнро дар шабакаҳои иҷтимоӣ омӯхтааст, мегӯяд, ифротгароён интернетро моҳирона барои пур кардани сафи худ аз ҳисоби ҷавонони тоҷик истифода мебаранд. Ӯ зимни як конфронс дар мавзӯи таҳдидҳо ба амнияти Осиёи Миёна дар Душанбе гуфт, бахши мушкилзотарини терроризми асри 21 дар он аст, ки на танҳо шаҳру биноҳоро хароб мекунад, балки мағзу афкори фарзандони моро ҳадаф қарор додааст: “Бо ин терроризм мо бояд муборизаи идеологӣ барем. Вақте ифротгароён аз шеваҳои бисёр наву мудерну муносибати инфиродӣ истифода мебаранд, мо бояд бо насиҳатҳои куҳнаи оммавӣ иктифо накунем”.
Мушовири Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон барои шикасти душман дар ин мубориза барои мағзҳо, шинохти шеваҳои кори ифротгароёнро муҳим хонд: “Акнун барои доираҳои хориҷӣ барои тасхири кишварҳо лозим нест, ки танку тӯпу лашкар бифиристанд. Аз даруни хона дар дурдасттарин русто, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ чунон мағзшӯӣ мекунанд ва чунон андешаҳои поки ҷавононро ба бозӣ мегиранд, ки ин фарзанд аз даруни хона ҳамчун як мухолиф сар мебардорад ва пеш аз ҳама падару наздикони худро душманони ақидавии худ медонад. Баъзе ба ҳадде ифротӣ мешаванд, ки мегӯянд агар падару бародар ба ақидаи ман розӣ набошанду кӯмак накунанд, куштанаш ҷоиз аст ва барояш савоб мегирӣ”.
Шинохти душман: 6 роҳи туъмасозии тоҷикон дар интернет
Абдуғаффори Камол изҳор дошт, ки дар доираи пажуҳиш бо боздоштшудаю бозгаштаҳо аз Сурияю Ироқ суҳбатҳо анҷом дод, маълумоти мақомоти қудратии кишварро омӯхт ва 6 роҳи туъма кардани ҷавонони тоҷикро аз сӯи ифротгароён муайян намуд:
1.Динӣ. Мубаллиғони ифротгароӣ пеш аз ҳама онҳоеро, туъмаи худ қарор медиҳанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои худ шиорҳои динӣ мегиранд, вале чандон аз Ислом хабар надоранду пойбанди риояи қоидаҳои шариат нестанд.
САДО: Чӣ гуна дин дар дасти террористон “собун”-и мағзшӯӣ мешавад?
2.Иҷтимоӣ. Нафарони номуваффақ дар зиндагӣ, ки бо сабабҳое на дар Ватан ва дар муҳоҷират ҷои худро пайдо накарданд.
САДО: Ҷузъиёти шеваи дуюми фиреб
3. Ҳавою ҳаваси ҷавонӣ. Вақте дар аксҳою наворҳо мебинад, ки ҷавонони ҳамсоли ӯ дар дастҳо силоҳ, бо либоси низомӣ, савори мошинҳои низомӣ бо ханда ва сархӯш ба майдон мераванд, баъзан шавқу шӯри ҷавонӣ боло мегираду ҷавоне, агар каме сустирода бошад, мехоҳад худро дар он миён тасаввур кунад.
САДО: Ҳавою ҳавас ва худнамоии ҷавонон дар Сурия
4. Эътирозу орзуҳо: Мубаллиғони ифротгароӣ бисёр равоншиносони боқувватро дар ихтиёр доранд, ки меомӯзанд, орзуҳои ин ҷавон чист, ӯ аз чӣ норозӣ аст, ба чӣ умед дорад. Баъд ба ӯ чизеро, ки дунболаш мегардад, ваъда медиҳанд. Масалан мушкилоти андакро баъзан бузург барои ӯ ҷилва медиҳанд. Воқеан дар ҷомеа ҳаст, баъзан беадолатӣ дида мешавад, мушкилоти иқтисодию амсоли инҳо ҷой доранд, аммо мубаллиғон онро бузург нишон медиҳанд. Талқин мекунанд, ки ин ҷои зиндагӣ нест, аслан ин дунё ҷои зиндагӣ нест. Бо ҳамин роҳ онҳоро аввал ноумед месозанд ва дар зеҳни холишуда умедҳои дурӯғинро ворид мекунанд.
САДО: Талқин мешавад, ки Тоҷикистон дар вазъи феълӣ ҷой барои зиндагӣ нест
5.Фирор аз масъулият. Ба баъзе ҷавонони сустирода дар Тоҷикистон ё дар муҳоҷират пешниҳод мекунанд, ки шонаашонро аз бори гарони зиндагӣ холӣ кунанд. Ҷавон масъулияти зиёд дорад, бояд рӯзи худашро пеш барад, зану фарзандашро нигоҳубин кунад, ба падару модараш пул фиристад... Аммо аз тарафи дигар нафароне пешниҳод мекунанд, ки аз ҳамаи масъулиятҳо метавонӣ озод шавӣ ва ин имконият дар Сурия фароҳам аст.
САДО: Ба Сурия барои холӣ кардани шона аз бори масъулиятҳо
6. Озодӣ аз қайду банд. Бархе ҷавонон дунболи озодии беқайду банд мегарданд. Ба онҳо чунин талқин мекунанд, ки Сурия ва Ироқ ҷои озодист, на раис, на падару модар, ки туро назорат кунанд ва на ҳукумат, ки ту маҷбур бошӣ қонунҳояшро риоя кунӣ.
САДО: Роҳи раҳоӣ аз назорати раису қонунҳои ҳукумат
Пажуҳишгари Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъкид кард, ки ин 6 роҳ шеваҳои фиребкории ифротгароёнро пурра фаро намегиранд, зеро онҳо пайваста фаъолияташро барӯз ва нав мекунанд. Ба гуфтаи Абдуғаффори Камол шабакаҳои иҷтимоиро бояд зери назорат гирифт: “Шабакаҳо дар аксар кишварҳо зери назоратанд. Аммо бояд ба хотир дошт, ки назорату маҳдудкунӣ як чи асту маҳрумкунӣ чизи дигар. Аммо мо агар куллан фарзандони худро аз ин шабакаҳо, ё аз интернет маҳрум кунем, ин натиҷаи баръакс медиҳад”.
Шабакаҳои интернетиро назорат кунем, аммо набандем:
Ризоиён: Муборизаи беҳунарона натиҷаи баръакс медиҳад
Дар ҳамин ҳол Шералӣ Ризоён, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, муборизаи беҳунарона алайҳи тарғиботи густурдаи ифротгароён метавонад, натиҷаи баръакс диҳад. Ризоён моҳи равон зимни ҳамоиш дар мавзӯи пешгирии ифротгароии ҷавонон дар Маркази исмоилияи Душанбе, истифодаи нерӯи нармро алайҳи тарғиботи ифротгароён муҳим хонда, афзуд, ки мубориза зидди ин зуҳурот ҳунармандии хоса талаб мекунад. Ӯ кори гуруҳҳои фаҳмондадиҳиро дар навоҳии кишвар камсамар баҳогузорӣ карда, илова намуд, ки аъзои ин гуруҳҳо дар бисёри ҳолатҳо маълумоту дониши маҳдуд доранд, аз санъати сухан, нозукиҳои равоншиносӣ ва шеваҳои муосири расондани иттилоъ бехабаранд: “Дар натиҷа аз рӯи ҳисобот корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешаванд, аммо амалан натиҷаи ниҳоии чунин мулоқотҳо чандон назаррас нест”.
Сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии МТС-и назди Президент инчунин гуфт, аудиторияе, ки имрӯз гуруҳҳои корӣ бо онҳо мулоқоту фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, бояд бозбинӣ шаванд: “Аксари иштирокдорони ин мулоқотҳо, нафаронеянд дар ҳама гуна чорабиниҳои соҳаҳои гуногун иштирок мекунанд. Аммо ҷавонону гуруҳҳои осебпазир, ки воқеан ба маълумот дар мавриди ифротгароӣ ниёз доранд, ба чунин мулоқотҳо роҳ намеёбанд”.
А.Камол: Ба ҷавонон бояд умед ба ояндаи хуб диҳем, на ваъдаҳои хаёлӣ...
Абдуғаффори Камол, дар пайи пажуҳиши ифротгароии ҷавонон, барои пешгирии он зарур хонд, ки ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбу ҳаракатҳо бояд пеш аз ҳама ба ҷавонон умед диҳанд: “Бояд барномаҳои бисёр дақиқу амалишаванда бошанд, на ваъдаҳои хаёлӣ бидиҳем. Бояд ҷавони мо ояндаи хуши худро дар ҳамин кишвар, дар ҳамин сарзамин бибинад. Мо бояд ҷавонони огоҳро дошта бошем, ки сиёҳу сафедро донанд, равандҳои ҷаҳониро ташхис диҳанд. Пеш аз ҳама фаъол шудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонони огоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зарур аст, ки бо ҳамсолони худ бо забони худ аз дунёи худ суҳбат кунанд ва онҳоро фаҳмонанд, ки он чизе барояш афроди шубҳанок мегӯянд, дурӯғ аст. Ҳар ҷое, ки меравад, ҳар коре, ки мекунад, фақат ӯ пеш аз ҳама тоҷик асту ин ҷост хонаи ӯ. Агар аз ин хона худро маҳрум кард, фақат метавонад бозичаи даст шавад”.
Ҳакими ДАВРОН
Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.