Изҳороти Сафорати Бритониё: Талош мекунем соҳаи туризмро бо Тоҷикистон равнақ диҳем
Сафорати Бритониёи Кабир дар Душанбе ба хабарҳо перомуни дар қатори кишварҳои барои туристон ноамн қарор гирифтани Тоҷикистон вокуниш кардааст.
Ахиран, торнамои “life.ru” навишт, мақомоти Бритониёи Кабир ба шаҳрвандонаш машварат додааст, бидуни зарурат ба Тоҷикистон нараванд. Ба иттилои манбаъ, Вазорати умури хориҷии Бритониё Тоҷикистонро яке аз кишварҳои нисбатан хавфнок барои туристҳо унвон кардааст. Дар маҷмӯъ ин ниҳод ба шаҳрвандонаш сафар ба 39 кишвари рӯи заминро бидуни зарурати хос тавсия надодааст. Миёни ин давлатҳо Русия, Алҷазоир, Эрон, Судон, Украина, гурҷистон, Уганда, Тайланд, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Арманистону Ангола ҳам ҳастанд.
Аммо дар изҳороти расмии Сафорати Бритониё гуфта мешавад, “ин хабарҳо инъикос кунандаи ҳақиқии маслиҳати Ҳукумати Британияи Кабир ба сайёҳони бритонияёвӣ намебошад”.
Дар идома омадааст, Сафорати Бритониёи Кабир хеле хушнуд аст, ки манзараҳои ҷолиби Тоҷикистон ва меҳмондӯстии гарми тоҷикон, сол аз сол аз ҷониби сайёҳони бритониёӣ кашф мешавад: "Тоҷикистон дар баъзе ВАО-и ғарбӣ ҳамчун “яке аз маконҳои сайёҳии тез афзоишёбанда дар ҷаҳон” ва “беҳтарин макони сайёҳии пиёда” тасвир шудааст. Ҳамчун шарики рушд мо якҷоя бо дӯстони худ аз Ҳукумати Тоҷикистон талош карда истодаем, то соҳаи туризмро равнақ диҳем.
Ба таъкиди ин ниҳод сафир Ҳю Филпотт дар нишасти намояндагони ҳайати Савдо ва Туризми Бритониё ва Тоҷикистон гуфтааст, мо аз афзоиши сайёҳон ба Тоҷикистон хеле хурсандем ва хушнудем, ки Ҳукумати Тоҷикистон туризмро ҳамчун соҳаи афзалиятнок интихоб кардааст: "Ин дастровардҳо сафари сайёҳонро ба Тоҷикистон осон хоҳад кард. Мо ташаббуси Ҷаноби Оли Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон ва туризм дастгирӣ менамоем ва итминон дорем, ин ташаббус барои пешбурди соҳаи муҳими иқтисод саҳм хоҳад гузошт. Мо мунтазири сайёҳони бештари бритониёӣ ба Тоҷикистон ҳастем".
Дар хабари “life.ru” гуфта мешуд, ки Вазорати умури хориҷии Бритониёи Кабир комилан мухолифи сафари бритониёиҳо ба Афғонистон, Яман, Ироқ, Тунис ва Сомалӣ шудааст. Ин ниҳод, Австралияро амнтарин кишвар барои сафари туристҳо ном бурдааст. Дар ин қитор Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолӣ, Аврупо, Осиё ва Африқои Ҷанубӣ ҳам ҳастанд.
Дар акс: Бо ранги сабз кишварҳои амн, сурх кишварҳое бо минтақаҳои ноамн ва кабуд кишварҳои хавфнок барои туристҳо нишон дода шудааст.