Иштироки беш аз 100 низомии рус дар гузашти низомии Душанбе
Пойгоҳи низомии 201-и Русия мустаққар дар Тоҷикистон дар гузашт ё паради бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ (ҶБВ) дар шаҳри Душанбе иштирок мекунад. Дар ин бора “ТАСС” бо нақл аз Ярослав Рошупкин, ёвари фармондеҳи қӯшунҳои Огруги марказии ҳарбӣ хабар додааст.
“Низомиёни пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия ба тамринҳо барои иштирок дар паради Ғалаба, ки 9 май дар маркази Душанбе баргузор мешавад, шурӯъ кардаанд”,-гуфтааст ӯ. Рошупкин афзуда, ки 110 хидматчии ҳарбии Русия дар як қатор бо сарбозу афсарони Вазорати мудофиа ва дигар мақомоти қудратии Тоҷикистон қадам хоҳанд зад.
Пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия яке аз бузургтарин пойгоҳҳои ҳарбии он кишвар дар кишвари дигар маҳсуб мешавад. Бар асоси як созишнома, ки соли 2012 имзо шуд, ин пойгоҳ ҳақ дорад, то соли 2042 дар Тоҷикистон бимонад.