ВАО: Абдураҳмон Узбекӣ, “одам”-и наздики Бағдодӣ кушта шуд
Низомиёни амрикоӣ аз кушта шудани Абдураҳмон Узбекӣ хабар додаанд. Узбекӣ яке аз шахсони наздики Абубакр ал-Бағдодӣ, раҳбари гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” гуфта мешавад.
Пойгоҳи хабарии Рейтер менависад, Абдураҳмон Узбекӣ дар амали террористии клуби шабонаи “Reina” дар Истанбули Туркия даст доштааст. Дар ин ҳамла, ки шаби соли нави мелодӣ ба вуқӯъ пайваст, даҳҳо нафар ба ҳалокат расида буд. Он замон эълон шуд, ки ин ҳамларо Абдулқодир Машарипов, маъруф ба “Абу Муҳаммад Хуросонӣ”, зодаи 34-солаи Узбакистон анҷом додааст. Ӯро баъди 16 рӯзи ҳамла дар Истанбул боздошт карданд.
Бино ба иттилои Фармондеҳии маркаҳии ИМА Абдураҳмон Узбекӣ, эҳтимолан зодаи Узбакистон, дар пайи амалиёти махфӣ рӯзи 6 апрел дар шаҳри Маёдин кушта шудааст. Ин хабар дар ҳолест, ки ҳафтаи сипаришуда, маҷаллаи “Таймс” аз марги Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “ОМОН”-и Тоҷикистон дар шаҳри Мосули Ироқ хабар дод. “Таймс” бо такя ба манобеаш дар мақомоти низомии Ироқ навишт, вазири ҷанги созмони террористии “ДИИШ”, Гулмурод Ҳалимов дар пайи зарбаи ҳавоӣ дар қисмати ғарбии Мосул кушта шуд.