Ҳушдор: То рӯзи душанбе ба Бадахшон наравед!
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, имрӯз ва фардо (22-23 апрел) аз сафар ба Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон худдорӣ намоянд.
Умеда Юсупова, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, бар пояи иттилои Оҷонсии обуҳавошиносӣ дар ин рӯзҳо бориши борон ва эҳтимоли фаромадани тарма ва сангрезиву куҳпораҳо мавҷуд аст.
Ба гуфтаи ӯ, сатҳи оби дарёҳо низ баланд шуда, хатари тағйири маҷрои бархе аз рудхонаҳо аз эҳтимол дур нест.