25 рӯз. Муҳлати Кумитаи андоз барои насби ПОС терминалҳо...
Кумитаи андози Тоҷикистон ба 301 муассисаи савдо ва хизматрасонӣ 25 рӯз муҳлат додааст, то ПОС терминалҳои электронӣ насб намоянд. Ин муҳлат дар пайи санҷиши як гуруҳи кории иборат аз кормандони андоз ва Бонки миллӣ ироа шудааст.
Дафтари матбуоти Бонки миллӣ ҳадафи ин гуруҳи кориро “пешбурд ва назорати татбиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон” дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ унвон кардааст.
Ба иттилои манбаъ, ин гуруҳ аз 31 марти соли равон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд сохторҳоеро, ки бояд бо терминалҳои электронӣ муҷаҳҳаз гарданд, мавриди санҷиш қарор додаанд: “Аз оғози фаъолияти ҳайати муштараки корӣ дар 359 муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ санҷиш гузаронида шуд. Аз ин миқдор муассисаҳои савдо ва хизматрасонии санҷидашуда дар 58 онҳо ПОС–теминалҳои электронӣ мавриди истифода қарор доранд”.
Дафтари матбуоти Бонки миллӣ меафзояд, намояндаҳои гуруҳи корӣ бо раҳбарон ва кормандони муассисаҳои савдо ва хизматрасоние, дар онҳо ПОС–терминалҳои электронӣ муҷаҳҳаз нашудааст, суҳбат намуда, зарурати насби ин дастгоҳҳоро фаҳмондаанд: “Ба 301 адад муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи андоз барои дар мӯҳлати 25 рӯз насб кардани ПОС терминалҳои электронӣ огоҳинома дода шуд. Ҳамарӯза ба маълумоти ташкилотҳои қарзие, ки бо барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтӣ машғул мебошанд, рӯйхати муассисаҳои савдо ва хизматрасоние, ки ба онҳо огоҳинома дода шудааст, тавассути почтаи электронӣ ирсол карда мешавад”.
Манбаъ мегӯяд, терминалҳои электронӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар асоси шартнома аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб мешавад: “Қайд кардан бомаврид аст, ки афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтӣ ва истифодаи оммавии онҳо ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ шаффофияти ҷараёнҳои молиявиро таъмин намуда, ба афзудани воридшавии андозҳо мусоидат менамояд ва яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад”.
Моҳи июли соли 2016 Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор дастур дода буд, аз якуми январи соли 2017 дар кишвар тамоми шароит барои роҳандозии пардохтҳо тариқи кортҳои бонкӣ фароҳам шуда, тамоми сохторҳо бояд терминалҳои электронӣ насб намоянд. Он вақт аз дафтари матбуоти Бонки миллӣ ба “Озодагон” гуфта буданд, аз ҷумла, марказҳои савдои чакана ва яклухт, ки толори фурӯшашон зиёда аз 40 метри мураббаъ мебошанд, НФС-ҳо, тарабхонаҳо, беморхонаҳои хусусӣ, дорухонаҳо, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши чиптаҳо, нуқтаҳои қабули маблағҳо аз аҳолӣ барои пардохти хизматрасонии манзилию коммуналӣ, қувваи барқ ва алоқаи телефонӣ, марказҳои хизматрасонии бонкии пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, терминалҳои гумрукӣ ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ барои қабули пардохтҳои гумрукӣ, нуқтаҳои хизматрасонии ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт, автодромҳо ва ташкилотҳои суғурта уҳдадор шудаанд, барои пардохти арзиши молу хизматрасониҳо тариқи кортҳои пардохтии бонкӣ шароитро таъмин намоянд.
Манбаъ мегӯяд, бар пояи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои саркашӣ аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо муҷозот пешбинӣ шудааст: “Аз ҷумла ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад”.
Дар ҳамин ҳол ба омори ахири Бонки миллии Тоҷикистон, шумораи умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда то 1 апрели соли 2017, "бештар аз 1 666,0 ҳазор ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,7 фоиз зиёд мебошад. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ бошад, зиёда аз 1 639,1 ҳазор нафарро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 9,9 фоиз зиёд гардид".