Русия аз боздошти як тоҷикистонии мавриди пайгарди қонун хабар дод
Дар ноҳияи Свердловск як шаҳрванди 54-солаи Тоҷикистон боздошт шудааст.
Торнамои “Столица 24” бо такя ба манобеаш дар “Росгвардия” мегӯяд, дастгиршуда аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар пайгард қарор доштааст. Ӯро дар қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар медонанд.
Ба иттилои манбаъ, ӯ дар ҳоле боздошт шуда, ки баъди мушоҳидаи кормандони пулис талош кардааст, фирор кунад. “Ҳоло масъалаи истирдоди ӯ ба ватан баррасӣ мешавад”,-навиштааст манбаъ.