Ҳалокати дучархарони 22-сола зери чархи “ДЭУ-Сиело”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати як дучархарон дар садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, 20 апрел, тахминан соати 21:40 сокини 35-солаи ноҳияи Нуробод ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба ҷониби ноҳияи Шаҳритуз аз уҳдаи идораи мошини “ДЭУ-Сиело” набаромада, дучархарони 22-солаи сокини ноҳияи Қубодиёнро пахш намудааст: “Ин ҳодиса дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён рух дода, дар натиҷа велосипедрон бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.