Олимов: “Тугмаи сабз”-и пайвастани Ҳинду Покистон ба “ШОС” пахш шуд
Рашид Олимов, дипломати тоҷик, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай мегӯяд, баъди узвияти Ҳиндустон ва Покистон ин созмон наздики 44%-и аҳолии курраи Заминро фаро хоҳад гирифт.
Олимов ин нуктаро дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар аҳри Остона иброз доштааст. Ин дипломати тоҷик гуфтааст, “вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай барои шомилшавии Ҳиндустон ва Покистон ба ин созмон “тугмаи сабз”-ро пахш карданд”.
Ба гуфти ӯ ҷуғрофиёи Созмон ҳамакнун аз Атлантика то уқёнуси Ҳинд, дар шарқ то Лянюнгани Чин ва дар ғарб то Калининград тӯл хоҳад кашид: “Ба ин созмон наздики 44%-и аҳолии курра ва 20-25%-и ММД-и ҷаҳон дохил мешавад”.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар поёни ин нишаст эълом кард, ки Эрон низ ба талаботи узвият дар ин созмон мутобиқати комил дорад ва изҳори умед кардааст, ки масъалаи узвияти он дар нишасти Остона моҳи июн дида хоҳад шуд: "Эрон масоилеро ки дар паи таҳримҳои эъломшуда аз сӯи Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид пеш омада буданд, ҳал кард ва акнун бо талаботи узвият дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай мутобиқати комил дорад".
Созмони ҳамкориҳои Шанхай соли 2001 аз ҷониби кишварҳои Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон ташкил шуда буд. Дар назар аст, ки тобистони соли равон Покистону Ҳинд низ шомили он шаванд. Дар ҳоли ҳозир Афғонистон, Беларусия, Эрон, Муғулистон кишварҳои нозир ва Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия, Шри-Ланка шарикон ба ҳисоб мераванд.
Акс аз "Спутник"