М.Муҳаммадраҷаб: Соли 2014 мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ дода буд, ки ҳудуди сад шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Сурия ва Ироқ ғайриқонунӣ ширкат доранд. Аз соли гузашта то кунун ин теъдодро беш аз ҳазор нафар мегӯянд. Ба ҳар ҳол, вазъият чандон содда нест ва мақомоти тоҷик ҳам мегӯянд, ки мубориза алайҳи ифротгароиро ягон зарра заиф накардаанд. Пас, чӣ заминаҳо ва сабабҳое бархе сокинонро тундрав мегардонад?
Н.Мирсаид: Баъди пош хӯрдани империяи Шӯравӣ дар фазои он як холигиҳои ақидатие ба миён омад. Ва дар он фазои холӣ ҳизбу ҳаркат ва созмону равияҳои динии гуногуни тундрав ба фаъолият сар карданд. Яъне, боз шудани марзҳои ҷумҳуриҳо барои ворид шудани ақидаҳои тунд ва ифротгароёна шароит фароҳам овард. То ҷойе ки ҳатто дар рӯзҳои мо дар бораи пойдор кардани давлати исломӣ, ба ном “Халифат” ҳарф мезананд. Бархе ҳам орзуи барпо кардани давлати “Хуросони Бузург”-ро, ки қаламрави Осиёи Марказиро ҳам фаро хоҳад гирифт, дар сар доранд ва дар ҷомеа ҷонибдорон ҳам пайдо кардаанд. Аввалин шуда ҳаминҳо ба Ироқу Сурия шитоб карданд аз роҳи муҳоҷирати корӣ дар Русия. Дар худи дохили кишвар ҳам бархе ин гуна тундравҳо ҳастанд. Лекин ғайр аз ин дар ҷомеа бисёр шахсони осебпазир низ ҳастанд, ки инҳо одамони бекор, бешуғл, нодору муҳтоҷ, одамоне, ки ҷойгоҳу мавқеи шоистаи худро дар ҷомеа муайян накардаву пайдо карда ҳам наметавонанд. Афроде ки маърифат ва донишу фаҳмиши дунявӣ ва диниашон паст, гурӯҳи хавфноке, ки ихтилоф бо қонун доранд, (яъне замоне ҷиноят содир кардаву фирор кардаанд ва ҳоло дигар худро озод ҳис карда наметавонанд). Ин қабила нафароне ҳастанд, ки эҳтимоли пайвастани онҳо ба ҷунбишу равияҳои ифротгаро бештар аст.
М.Муҳаммадраҷаб: Дар рӯзҳои мо ҷилавгирӣ аз ифротгароии динӣ эҳтимол аз ҳар вақти дигар бештар ба мавзӯи аслии суҳбату гуфтугӯ ва мулоқотҳо қарор мегирад. Аз нигоҳи Шумо, аслан ифротгаро ё тундрав кист ва аз чӣ ба ин роҳ рафтааст?
Н.Мирсаид: Ифротгаро ё тундрав - ин шахсе, ки ба ақидаи тунди бегона дода шудааст ва аз ғояҳои ифротгароёна пайравӣ мекунад. Ин гуна инсон ба пайрави дин ё мазҳаби дигар кинаву адоват дорад ва таҳаммули ҳатто шунидани ақидаи ӯро надорад. Гумроҳе, ки ба ҳаракати ифротгароёна боасос ё беасос ҳамроҳ шудааст. Барои пешгирӣ кардани зуҳуроти тундгароӣ байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондан даркор ва шарт аст.
М.Муҳаммадраҷаб: Хуб, дар бораи “корҳои фаҳмондадиҳӣ”, ки дар 2-3 соли охир мебинам, хеле ҷоннок шудааст. Мақомот бо сокинон, гурӯҳи қишрҳои мухталифи ҷомеа, донишҷӯён, занон ҳатто хонандагон мулоқот ва суҳбатҳо доир мекунанд. Албатта, ин маҳфилҳо барои коҳиши тундгароӣ манфиатноканд. Аммо ин суҳбату мулоқотҳо бештар бо қисми фаъоли ҷомеа сурат мегирад. Аммо бо он қишре, ки ёдовар шудем, он қишре, ки аз мушкилоти рӯзгор ё сабабҳои дигар худро аз ҷомеа нисбатан канор мегирад ва эҳтимоли пайвастанаш ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва ифротӣ бештар аст, боз ҳам канор мемонанд ва камтар ҷалб карда мешаванд.
Н.Мирсаид: Дар Конститутсия Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ номида шудааст, ки таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳвандонро кафолат медиҳад. Албатта, бояд озодӣ дар мадди аввали назар истад. Вале вақте ки солҳои охир вазъ дар ҷумҳурӣ дар натиҷаи густариши ифротгароӣ тағйир ёфт, давлат баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ кард. Қаблан ба мардум озодиҳои динӣ пурра пешниҳод шуда буд, сокинон мадрасаву масҷидҳо боз мекарданд, вале хангоме ки аз ин сӯиистифода сар шуд, давлат таъмини амнияти миллиро муқаддам гузошт. Зеро Тоҷикистон ягона давлати пасошӯравист, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд. Мо мусибати он ҷангро бо чашмамон дидем ва бо ҷонамон эҳсос кардем. Яъне, ба андешаи ман, барои инсон пеш аз ҳама, сулҳу осоиштагӣ зарур аст. Мо бояд инро фаҳмем ва фаҳмиданамон зарур аст, агар барои мо сулҳу осоиштагӣ азизтар ва қиммат бошад. Озодӣ ҳеҷ вақт мутлақ намешавад ва дар ягон давлати дунё ҳам нест. Албатта, бояд кӯшиш кард, ки озодии инсон ба таври комилтар таъмин бошад. Вақте ки давлатҳои аз нигоҳи рушди демократӣ пешрафтаи дунё ба хотири ҳифзи якпорчагӣ ва амнияти миллии давлат ва шаҳрвандони худ маҳдудиятҳое ҷорӣ мекунанд ва чораву тадбирҳои маҳдудкунандаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон роҳандозӣ мекунанд, одӣ ва табиӣ пазируфта мешавад, вале вақте ки Тоҷикистон ё ягон кишвари дигари Осиёи Миёна ба ин гуна корҳо даст мезанад, зери тозиёнаи танқид гирифта мешавем.
М.Муҳаммадраҷаб: Як ҷиҳати дигари ҳамин масъала. Мақомот маъмулан наздикону хешони касонеро, ки дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ иштирок мекунанд ё барои шомил шудан ба ҳизбу ҳаратҳои тундрав ба ҳабс гирифта ё таҳти пайгарди қонунӣ қарор додаанд, таҳти назорати шадид мегиранд. Ба пурсишу бозпурсиҳо даъват мекунанд, дар бораашон маълумот ҷамъ меоранд ва ин ҳама дар Тоҷикистон маъмулан ба наҳве сурат мегирад, ки аз назари ҷомеа дур намемонад. Таҳти ин омилҳо бештари аз аҳли ҷомеа ҳам худро аз ин гуна афрод канор мегиранд. Ба наздикӣ як зане, ки бародари шавҳараш ҳамроҳи ҳамсар ва як писараш аз муҳоҷирати кории Русия ба Сурия рафтааст, нақл кард, ки онҳо дар як ҳавлӣ, аммо хонаҳои заминии алоҳида зиндагӣ мекарданд. Баъди ошкор шудани дар Сурия будани бародари шавҳараш ва равуои мақомоти гуногун ба хонаи онҳо барои пурсишу суҳбатҳо муносибати ҳаммаҳаллаву ҳамдеҳагонаш бо онҳо комилан дигаргун шуд. Ӯ мегӯяд, бисёриҳо ҳатто худро аз онҳо дур мегиранд ва моҳҳост, ки барои писараш арӯс пайдо карда наметавонад. Ба назари шумо, чунин бархӯрд то чӣ андоза дуруст аст?
Н.Мирсаид: Ба фикри ман, беасос боздошт кардани одамони бегуноҳ ва дар маҳбас андохтани онҳо ба густариши тундравӣ боис мегардад. Агар мо дар пайи дастгир карда ба зиндон андохтани як одами гунаҳкор даҳ нафар ҳамроҳашро ҳам боздошта, бозпурсӣ кунем. Ҳар рӯз ба идораи худ даъват карда, сарсону овора кунем, намояндаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ба хонаашон равад, дар ҳақиқат, бисёр одамон, ҳаққу ҳамсояҳо ва ҳаммаҳаллаашон ба онҳо низ бо чашми шубҳа нигоҳ мекунанд. Обрӯю эътибори онҳо дар байни ҷомеа мерезад. Ба онҳо ҳама бо ангушт ишора мекунанд, ки агар онҳо бегуноҳ мебуданд, назди дари онҳо ҳар рӯз намояндаи мақомот намеомад ё наздаш даъват намекард. Он одамро гунаҳкор дониста, муҳокима мекунанд ва худашонро аз ӯ канор мегиранд. Ҳарчанд шояд ягон гуноҳ надорад. Барои ҳамин ҳам ин муносибат ва бархӯрд ба фикрам, нодуруст аст. Ингуна корҳои беасос натиҷаи акс меорад. Яъне, шумораи тундгароёнро зиёд мекунад. Ба назари ман, беҳтар мебуд сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ тарзи корбарии худашонро тағйир диҳанд. Аз ҷумла, сухан дар бораи ҷазо равад, ба гунаҳкор ҷазое диҳанд, ки барои тарбия кардани ӯ, ки дар мавориди бисёр аз хато, ноогоҳӣ, каммаърифатӣ гумроҳ шуда, бад кардааст, вале ҳанӯз пурра ба роҳи ифротгароӣ надаромадааст ва ба ғояҳои ифротгароӣ дода нашудааст, барои чунин шахс имкони ислоҳ шудан дода шавад. Чунки ҳар шахсе, ки барои як иштибоҳ ва як гуноҳи ночиз ҷазои сахт мегирад, мумкин аст ин беадолатӣ ақидаи ӯро тағйир диҳад ва оянда ӯро ноумед ва тундрав гардонад. Барои ҳамин муносибатро дар ин маврид дигар кардан даркор аст. Бо роҳи ҷазодиҳӣ масъала ҳал ва мушкил бартараф намешавад.
М.Муҳаммадраҷаб: Дар бораи нақши матбуот дар инъикоси мавзӯи мубориза ва ҷилавгирӣ аз тундгароӣ чӣ назар доред? Бархе мақомот бар онанд, ки мавзӯи ифротгароӣ, мубориза бо экстремизм ва терроризм беҳтар аст дар матбуот инъикос нагардад.
Н.Мирсаид: Ман хеле афсӯс мехӯрам, ки имрӯз матни Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқобала бо эстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 дар матбуот чоп нашуд. Он бояд ба нашр мерасид ва бояд ҳар як намояндаи мақомот медид, ки дар он ҷо ба ҳамкории сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо рӯзноманигорон ва расонаҳо таъкид шудааст. Ба назари ман, ҳар рӯзноманигор ва ҳар васоити ахбори умум дар бораи пешниҳод ё худдорӣ аз пешниҳоди факту рақамҳои марбут ба ин мавзӯъ бояд худаш тасмим бигирад.
Ман дар бораи ҳар як дӯстони ҳамкасбам гуфта метавонам, ки мо ватандӯст ҳастем, ҳеҷ вақт бо нашри матлабе бад гардонидани авзои ҷомеаро намехоҳем. Ба назари ман, баракс - расонаӣ намудани баъзе факту рақамҳо ва қиссаву ҳодисаҳои марбут ба ин мавзӯъ метавонистанд барои пешгирӣ намудани ин зуҳуроти барои рушди ҷомеаи маданӣ номатлуб мусоидат кунанд. Масалан, вақте ки мо саргузашти талхи як оилаи гумроҳгашта ва ба ҷанги Сурия рафтаро тавассути нашрия ё радиову телевизион ба мардум нақл мекунем, мумкин аст ин даҳҳо нафарро аз роҳи каҷ боздорад. Ман ин чизро дар назар дорам. Ақаллан дар ҳамин самт бояд мақомот бо матбуот ҳамкорӣ кунанд.
Ин мусоҳиба дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.