“Ҷопонии зодаи Амрико ба чашми тоҷик корд зад”
Як шаҳрванди Амрико ба чашми шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон корд задааст. Ин ҳодиса дар шаҳри Санкт-Петербург ба вуқӯъ пайвастааст.
Бино ба иттилои пулиси Русия, соати 19:00-и 20 апрел хабар гирифтаанд, ки дар меҳмонхонае, воқеъ дар кӯчаи Казани ноҳияи Адмирали Санкт Петербург муноқиша сар задааст: “Маъмурини пулис ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, муайян намудаанд, ки як ҷопонитабори муқими Амрико, ки 26 сол доштааст, бо шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон муноқиша карда, бо корд ба чашми чапаш задааст”.
Манбаъ аз қавли табибон вазъи шаҳрванди Тоҷикистонро вазнин арзёбӣ карда, гуфтааст, амрикоӣ мавриди бозпурсӣ қарор дорад.