Маскав: Шанбегӣ дар қабристон ва дуо дар ҳаққи қаҳрамонони Тоҷикистон
Бунёди хайриявии мусоидат ба ҳифзи модар ва кӯдак “Найди меня, мама!” дар қабристони "Донское"-и Маскав, ки дар он қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳ Шотемур ва Нусратулло Махсум дафн шудаанд, шанбегӣ гузарондаанд.
Бар асоси иттилоияи нашршуда шанбегӣ таҳти шиори “Меҳрубонӣ ҷаҳонро наҷот медиҳад” баргузор гадидааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷамъияти мусалмонон якҷоя бо бунёди “Найди меня, мама!” пеш аз Пасха ба шанбегии умумӣ баромада оромгоҳҳоро тоза кардаанд.
Мемоншо Мемоншоев, раҳбари бунёди хайриявии “Найди меня, мама!” гуфтааст: “Дини мо амр додааст, ки некиро на танҳо ба хотири мусалмонон балки барои намояндагони дигар динҳо низ анҷом диҳед. Барои ҳамин мо тасмим гирифтем ин кори некро анҷом диҳем”.
Номбурда гуфтааст, баъди тамом кардани шанбегӣ ҷамъомадагон, дар ҳаққи гузаштагон аз ҷумла дар ҳаққи қаҳрамонон - Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум дуо кардаанд.
Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум, раҳбарони Тоҷикистони Шӯравӣ дар замони таъқиботи солҳои 1930-юм ба унвони "душмани халқ" муттаҳам ва ба ҳукми қатл маҳкум шуданд.
Баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум қаҳрамони миллӣ эълон шуданд ва аксашон дар 3 сомонӣ ва 200 сомонӣ ҷой карда шуд. Қаблан профессор Иброҳим Усмонов аз мақомоти кишвар хост то ба таври расмӣ як каф хоки мазори ин қаҳрамононро ба Ватан оварда дар Душанбе бигуронанд.