"Шпаргалка"-и Ҷайҳонӣ ба ёрдамчии Президент: Аз ислоҳи номи Қӯрғонтеппа то Мурғоб
Дирӯз хабаргузории “Озодагон” ба такя ба манобеи худ дар Ҳукумати Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар сатҳи ҳукумат дар мавриди номгардон кардани маркази вилояти Хатлон аз Қӯрғонтеппа ба Бохтар тавофуқи лозим ҳосил шудааст. Баъди нашри гузориш вокунишҳои зиёде ворид шуд ва идора тасмим гирифт, ки дар ин замина мусоҳибае бо пажуҳишгари варзидаи ҷойномҳо Умед Ҷайҳонӣ анҷом диҳад.
Озодагон: Тибқи баъзе манбаъҳои «Озодагон» дар рӯзҳои наздик номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар тағйир дода мешавад. Номи ноҳияи Бохтари ҳозир Кӯшонкада ё Кӯшониён ва номи шаҳри Сарбанд Леваканд гузошта мешавад. Шумо, ки солҳост ба пажӯҳиши ҷойномҳо сару кор доред барои тағйири номи ин шаҳр Левакандро пешниҳод намуда будед. Акнун бигӯйед, ки чиро Бохтар нею Леваканд?
Умед Ҷайҳонӣ: Бино бар ковишҳои бостоншиносӣ ва баррасиҳои ҷуғрофиёӣ, Левканд ҳамон харобаҳои Қӯрғонтеппа буда, ки калонтарин харобаест, ки аз садаҳои миёна дар бахши шимолии водии Вахш бозмондааст. Ин шаҳр дар канораи канали қадимаи Ҷӯйбор ҷой дошта ва қалъае доштааст. Ҷойгоҳу масоҳати он харобаҳо бештар бо Левканд татбиқ мекунанд, то харобаҳои Сарбанд. Ниг.: Зеймаль Т. И. Древние и средневековые каналы Вахшской долины. Страны и народы Востока, вып. 10. Средняя и Центральная Азия. — М., 1971. – с. 37 – 67. – саҳ. 50; Беленицкий А.М., Бентович И.Б., Большаков О.Г. Средневековый город Средней Азии. – Л.: Наука, 1973. – 389 с. – саҳ. 181.
Кумисюн бояд дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи торих ин манобеъву додаҳоро баррасӣ кунад то ин нукта як бор ва барои ҳамеша дақиқ шавад, ки кадом харобаҳо аз кадом шаҳр боз мондаанд. Ин кор худ таконе хоҳад шуд барои ҷустору пажӯҳишҳо дар заминаи ҷуғрофиёи торихӣ ва бостоншиносӣ.
Аммо Бохтар номидани Қӯрғонтеппа аз диди ман чанд ишкол дорад. Аввал ин ки ниёзе ба ин номгардонӣ нест. Ҳамин акнун ноҳияе ин номро дорад. Ин ҷойномро аз он гирифтану бар дигаре гузоштан мушкилотеро дар пай хоҳад дошт, ки тасаввураш ҳам наметавон кард.
Дигар ин ки “Бохтар” барои Қӯрғонтеппа аз бех муносиб нест. Ин нуктаро бояд муфассал тавзеҳ бидиҳам. “Бохтар” дар забони мо чанд маънӣ доштаву дорад. Чунончи, дар форсии имрӯз “бохтар” ба маънии “ғарб; мағриб” аст. Аммо дар форсии дарӣ, яъне забони форсии садаҳои IX – XV, “бохтар” ба маънии “шарқ, машриқ” будааст. Вале дар асл маънии ин вожа дар забони эронии бостон “шимол” буда, ки дар “Авесто” ҳам ба ҳамин маънӣ ба кор рафтааст. Ин маъниҳоро метавон аз фарҳангу вожаномаҳо боз шинохт. Дигаргашти ин вожаро “Фарҳанги решашинохтии забонҳои эронӣ” чунин овардааст: форсии дарӣ: bāxtar‘шарқ’<порсии миёна: *apāxtar ‘шимол’ порсии дарӣ: Balx (ведоӣ: bálhika- ‘номи мардуме дар шимолу ғарби Ҳинд’ дар санскрит – bāhlīka-) аз *1bag- : baj ‘бахш, пора’.
Сарзамине, ки Вахшу Хатлон замоне бахше аз он буданд, дар ҳамеша Балх ном доштаву дорад, на Бохтар. Чунин ҷойноме дар ҷуғрофиёи торихии мо вуҷуд надорад. Агар ниёконамон сарзамину шаҳри Балхро Бохтар меномиданд, Мавлоно Ҷалолиддинро Бохтарӣ меномидем, на Балхӣ. Дар омади сухан бояд гуфт, ки агар масъулин мехоҳад ҷойномҳои торихиро зинда кунанд, бояд пеш аз ҳама “ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ” номгардон ва Ҳаловард биноманд, ки номи асливу бостонии он ноҳияву марказаш аст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин решаву маъниҳо, номгузории Қӯрғонтеппа ба Бохтар бемаврид ва бепоя аст. Қӯрғонтеппа на ҳамон Балх аст ва на дар шимол ё шарқ ё ғарб ҷой дорад, ки далеле бар Бохтар номиданаш бошад. Агар қарор аст, ки шаҳри Қӯрғонтеппа номгардон шавад, ягона номе, ки бояд бар он ниҳод, Левканд аст, ки маънояшро метавон “Эзидшаҳр” донист.
Агар Левкандро ба ҳар далеле барои Қӯрғонтеппа қабул надоранд, маркази вилояти Хатлонро метавон Хуталканд номид, ки бисёр муносибтар аз Бохтар аст. Бохтар ба ҳеч ваҷҳу далел ҷойноми муносиб нест ва беҳтар аст аз корбурдаш худдорӣ кунанд. Агар бисёр мехоҳанд ноҳияи Бохтарро номгардон кунанд, метавонанд онро Кушония ва марказашро Кушоншаҳр биноманд, ки пояе дар торих дорад.
Вале аз номгардонии шаҳри Сарбанд бояд худдорӣ кунанд. Ин ҷойном, ки 21 сол пеш аз ин бар он шаҳр гузошта буданд, яке аз камшумор намунаҳои номгузории дурусту мантиқӣ дар 25 соли гузашта аст. Ин ҷойном барои ин шаҳр, ки дар воқеъ сарбанд аст, муносибтарин ном аст. Намунаашро дар торих ҳам дорем, ки сарбанди оби Самарқанд Варағсар ном дошт, ки “варағ” дар он ҳамон “варғ” аст, ки ҳануз ҳам дар гӯишҳо ба кор меравад.
Озодагон: Гуфта мешавад, ки дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як Кумиссиюни вижае бо раҳбарии ёрдамчии Президент дар умури иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъсис ёфтааст, ки аз олимону соҳибназарон таркиб ёфтааст. Аъзои ин Кумиссиюн ба тамоми шаҳру навоҳӣ сафар мекунанд ва номҳои қобили тағйирро пайдо намуда, баъд аз пажуҳишу тадқиқ гузинаҳои худро ба ҳукумат пешниҳод мекунанд. Ҳукумат тасмими худро барои тағйири ҷойномҳо ва гузоштани номҳои мувофиқ мегирад. Дар ин замина чӣ пешниҳодҳо доред?
Умед Ҷайҳонӣ: Яке аз пешниҳодҳоям, ки чанд сол пеш матраҳ карда будам, дақиқан ташкили чунин як ниҳод ё коргурӯҳи вижаи номгузориву номгардонӣ аз шумори кормандони Кумитаи забону истилоҳот, Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт ва Фарҳангистони улуми Тоҷикистон буд, ки масъули пажӯҳиши ҷойномҳои кишвар шавад. Бисёр хуб мешавад, ки ҷойномпажӯҳоне чун устод Назрӣ Офаридаев, Бурҳон Тӯраев, Абдусалом Аюбов ва дигарон бо ин кумисюн ҳамкорӣ кунанд. Аз пажӯҳишгарони хориҷӣ ҳам бояд ёрӣ хост.
Аз дидгоҳи ман, ин кумисюн бояд чунин маворидро дар дастури кораш дошта бошад:
1. Агар бахшҳо, ободиҳо ва кӯҳу пуштаву дашту даману дарёву рӯдҳо номи тоҷикии торихӣ доранд, ҳамон ҷойномҳо бояд эҳё шавад;
2. Дар гузиниши ҷойномҳои нав дар дараҷаи аввал эҳёи номҳои пешина ва бостонии ин ҷойҳо ва ё ҷойҳои наздик ба онҳо бо пажӯҳиш дар китобҳо ва манобеи мавҷуд дар назар гирифта шавад.
3. Дар дараҷаи дувум сохтани ҷойномҳои нави созгор бо шароити маҳаллӣ ва вижагиҳои ҷуғрофиёӣ дар назар гирифта шавад.
4. Номи бузургони адабу илму фарҳангу ҳунар бар созмонҳову ниҳодҳои илмиву адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ ниҳода шавад, на бар вилоёту навоҳиву шаҳру рустову деҳу кӯҳу камару рӯдҳо.
5. Бархе аз номҳои гузошташуда дар замони шуравӣ аз барои ёдбуди торихи навини кишвар нигаҳ дошта шавад.
Озодагон: Инчунин тибқи иттилои манбаъи мо дар сатҳи ҳукумат тавофуқ ҳосил шудааст, ки минбаъд ба номи ҳеч шахсе ҷойном гузошта намешавад. Ин тасмимро чи тур мепазиред?
Умед Ҷайҳонӣ: Ин тасмимашон бисёр бамаврид ва сутуданӣ аст. Дар воқеъ, номи бузургони адабу илму фарҳангу ҳунарро беҳтар аст бар созмонҳову ниҳодҳои илмиву адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ гузошт. Масалан, “қуллаи Исмоили Сомонӣ” бисёр ноҳанҷор аст. Муносибтарин ном барои он қулла “Боми Ҷаҳон” аст, ки ҳар кӯҳнаварде орзӯ дорад як бор бар он бом баланд шавад. Қаторкӯҳҳои Туркистон ва Пётри Якум ҳам бояд Буттамон ва Вахиё номида шаванд. Маро нанг меояд, ки бадтарин номе, ки аз барояш ниме аз мардуму сарзамину шаҳрҳоямонро аз даст додаем, бар порае аз хокамон гузошта шудааст. Дар ин бора дигар бор бештар бояд гуфт.
Боре, ман аз пеши худ феҳристе аз шаҳру ноҳияҳоеро таҳия кардаам, ки номгузорияшон бояд бознигарӣ ва ислоҳ шавад:
Дар вилояти Суғд:
• шаҳри Бӯстон – Кимиёканд ё Кимиёшаҳр (12 Бӯстон бисёр дорем, ном бояд ягона бошад);
• шаҳри Гулистон – Қайроққум – Афсоншаҳр (38 Гулистон дорем);
• шаҳри Истиқлол – Табошар (Истиқлол ба худии худ ҷойном намешавад);
• шаҳри Панҷакент – Панҷиканд (ин шаҳр бояд расман Панҷиканд ё Панҷекат номида шавад);
• ноҳияи Айнӣ – бояд Фалғар номида шавад, ки номи аслияш аст;
• ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – бояд Исписор номида шавад;
• ноҳияи Деваштич –Деваштич шоҳи Самарқанд ва хидеви Панҷиканд буд, на аз Устарӯшан; Ғазак ва Ғазантарак аз ҷойномҳои суғдии он ноҳия аст, ки метавон ба корашон бурд;
• ноҳияи Спитамен — ғалат аст, зеро Спитамен талаффузи юнонии номи суғдии Спитаман аст.
• ноҳияи Ҷаббор Расулов — метавон онро Катвондиза номид, ки шаҳре қадимӣ дар ҳамон наздикиҳо буда;
• ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – Масчо
• ноҳияи Мастчоҳ – Нав-Масчо
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:
• шаҳри Ҳисор – бояд Шумон номида шавад;
• ноҳияи Ваҳдат – бояд Андиён номида шавад, ки дар Шоҳнома чунин номида шудааст; Ваҳдат ба худии худ наметавонад ҷойном бошад, магар ин ки Ваҳдатобод шавад.
• ноҳияи Нуробод – бояд Дарбанд номида шавад;
• ноҳияи Сангвор – бояд Вахиё номида шавад, ки ҳам Тавилдараву Сангворро дар бар мегирад;
• ноҳияи Рӯдакӣ — ин ноҳияро бояд пеш аз ҳама номгардон кард.
• ноҳияи Турсунзода – бояд Регар номида шавад;
Дар вилояти Хатлон:
• шаҳри Қурғонтеппа – Левканд
• ноҳияи Восеъ – Ҳулбук
• ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ — бояд номгардон шавад;
• ноҳияи Дӯстӣ – бемаънӣ аст, Дӯстӣ ба худии худ ҷойном нест ва бояд пасванд бигираду Дӯстиобод шавад.
• ноҳияи Ҷайҳун – бояд Рӯдбор номида шавад, зеро дар канори рӯди Панҷ ҷой дорад, на Омударё
• ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ – бояд Ҳаловард номида шавад, ки номи бостонияш аст;
• ноҳияи Темурмалик — бемаврид аст.
• ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ —
• ноҳияи Носири Хусрав – ?
• ноҳияи Хуросон – Чашмасорон
• ноҳияи Шамсиддини Шоҳин – Терай
• дар ин сарзамин шаҳрҳои Андичароғ, Мунк ва Тамлиёт доштаем, ки бояд номашон зинда гардонда шавад
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон:
• шаҳраки Шотемур – Миденшор
• ноҳияи Мурғоб – Помир
Умедворам, Кумисюн ин маворидро баррасӣ кунад ва чорае барои ислоҳи ҷойномҳои ғалату бемаънӣ пайдо кунад. Агар аз ин камина ҳамкорӣ хоста шавад, камарбаста дар хидмат хоҳам буд.