Се кушта ва ду маҷруҳи садамаи “Мерседес-Бенс” ва “Опел-Зефира” дар Шаҳристон
Дар пайи бархӯрди ду сабукрав дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд се нафар ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин ҳодиса шоми 19 апрел дар километри 191-ум, ҳудуди ноҳияи Шаҳристон ба вуқӯъ пайвастааст. Манбаъ мегӯяд, ронандаи 36-солаи “Мерседес-Бенс-180”, сокини шаҳри Хуҷанд бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, ба автомашинаи “Опел-Зефира”, таҳти идораи сокини 57-солаи шаҳри Панҷакент бармехӯрад: “Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-180”, марди 33-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, марди 65-солаи сокини ноҳияи Восеъ ва мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, зани 67-солаи сокини шаҳри Панҷакент ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд”.
Манбаъ меафзояд, ронандаи “Опел-Зефира” ва мусофири автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-180”, зани 64-солаи сокини ноҳияи Восеъ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ ҳастанд: “Таҳқиқи ҳодиса идома дорад”.