Ҷиноят дар пайи ишқварзӣ: Қотили Парвина таслим шуд
Салоҳиддин Додоҷонов, муттаҳам дар қатли Парвина Холиқоваи 34-сола ихтиёран ба мақомоти милиса ҳозир шуда, иқрор шудааст, ки собиқ маъшуқаашро ӯ куштааст.
Дар ин бора Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як гузориш хабар дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод ҷасади Парвина Холиқова, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз манзили истиқоматияш дар деҳаи Шарифободи ноҳия Абдураҳмони Ҷомӣ дарёфт гардид: “Худи ҳамон рӯз ҳамдеҳаи Парвина -Салоҳиддин Додоҷонови 31-сола ба ШКД-и Абдураҳмони Ҷомӣ ҳозир гардида, иқрор шудааст, ки Парвинаро ӯ ба қатл расонидааст”.
Таслимшуда изҳор доштааст, ки соҳиби зану фарзанд мебошад, вале Парвина, собиқ маъшуқааш тариқи телефон ӯро таҳқир карда, ба зиндагии осудааш халал мерасондааст.
Ба иттилои ВКД Додоҷонов изҳор доштааст шаби 24-уми март дар беруни манзили истиқоматии Парвина, ӯро бо ресмон буғӣ карда, ба қатл расондаст: “Феълан нисбати Салоҳиддин Додоҷонов бо моддаи 104-и Кодеси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.