Интихоботи Эрон: Руҳонӣ номзад шуд, Аҳмадинажод радди салоҳият
Шӯрои нигаҳбони Эрон аз миёни 1600 довталаб номзадии 6 нафарро ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ таъйид кардааст.
Вазорати умури дохилии Эрон исми ин номзадҳоро эълон кард: Сайид Мустафооқо Мирсалим (собиқ вазири фарҳанг ва иршод), Исҳоқ Ҷаҳонгири Кӯшоӣ (муовини аввали раисҷумҳур), Ҳасан Рӯҳонӣ (раисҷумҳури феълӣ), Сайид Иброҳим Раисии Содотӣ (сарпарасти Остони Қудси Разавӣ), Муҳаммадбоқир Қолибоф (шаҳрдори Теҳрон) ва Сайид Мустафо Ҳошимии Табо (раиси Кумитаи олимпии Эрон).
Бар асоси Қонуни асоии Эрон вазифаи назорат бар интихобот бар уҳдаи Шӯрои нигаҳбон аст ва ин шӯро аз миёни довталабони номзадӣ дар интихобот маъмулан 6 нафарро барои сабқат бар мегузинад. Ин Шӯро ҳамчунин аз ҳуқуқи радди салоҳияти довталабон бархӯрдор аст, ки ин салиқаи шӯроро ниҳодҳои байналмилалӣ борҳо мавриди интиқод қарор додаанд.
Радди салоҳият шудани яке аз машҳуртарин чеҳраҳои солҳои ахири саҳнаи сиёсати Эрон раисҷумҳури собиқ Маҳмуди Аҳмадинажод ҳам аз сӯйи Шӯрои нигаҳбон дар ҳолест, ки ин ниҳод дар интихоботҳои қаблӣ низ номзадии раисҷумуҳурони собиқро ради салоҳият карда буд.
Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон 19 майи соли 2017 баргузор мешавад.