“Вазири хориҷаи Эрон замони муносиб ба Тоҷикистон меравад”
Муҳаммад Ҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар замони “муқтазӣ” (тақозокунанда, дархур, муносиб) ба Тоҷикистон сафар мекунад. Ин нуктаро сухангӯи Вазорати хориҷаи ин кишвар дар посух ба суоли хабарнигорон изҳор доштааст.
Бино ба хабари оҷонсии иттилоотии ИРНА-и ҷумҳурии исломӣ вақте аз Баҳром Қосимӣ пурсидаанд, ки чаро вазири хориҷа зимни сафари даврияш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба Тоҷикистон нарафт, таъкид намуда, ки ин сафар замони “муқтазӣ” сурат хоҳад гирифт. Аммо сухангӯи вазорат нагуфтааст, ки ин замон муносиб кай аст.
Қосимӣ далели аслии ба Тоҷикистон наомадани вазирро “фишурдагии барномаҳои дохилӣ ва хориҷии вазир умури хорҷа” номида гуфтааст, “барномарезии барои сафари раиси дастгоҳи дипломосӣ ба соири кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, аз ҷумла Тоҷикистон дар дастур кор қарор дорад дар замон муқтазӣ ҳатман анҷом мешавад”.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон таъкид намуда, ки фишурдагии барномаҳои дохилӣ ба вазир ин имкон ва иҷозаро намедиҳад, ки дар сафарҳои минтақаӣ ба ҳама кишварҳо сафар бикунад.
Муҳаммад Ҷаводи Зариф аз рӯзи якшанбеи ин ҳафта бо як ҳайати сиёсиву иқтисодии ҳамроҳаш ба Туркманистон, Қирғизистон ва Гурҷистон сафар кард. Қабл аз ин сафар бархе расонаҳои эронӣ навиштанд, ки ӯ ба Тоҷикистон низ меравад.