Қӯрғонтеппа Бохтар мешавад: Номҳои пешниҳодиро ёрдамчии Президент напазируфтааст
Номҳои пешниҳодии олимони Академияи улуми Тоҷикистон барои тағйири номи шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлонро ёрдамчии Президент оид ба масалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода напазируфтааст. Олимон барои Қӯрғонтеппа аз ҷумла номҳои Вахшонгирд, Вахшонмарз, Вахшризм, Вахшвеҷа, Ҳаловардро пешниҳод намудаанд.
Вале ба иттилои як манбаи “Озодагон” дар сатҳи Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди тағйири номи шаҳри Қӯрғонтеппа тавофуқ ҳосил шудааст ва номи нави он Бохтар хоҳад буд. Ҳамчунин номи шаҳри Сарбандро, ки дар канори Қӯрғонтеппа воқеъ аст, Леваканд мегузоранд. Гуфта мешавад, номи ноҳияи Бохтар ба Кушонкада иваз мешавад.
Назир Амирзода, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, пешниҳоди тағйир додани номи шаҳр тасмими чанде аз донишмандони Академияи улуми Тоҷикистон буд, вале номҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ёрдамчии Президент пазируфта нашуд: “Ин дар ҳақиқат пешниҳод шудааст. Инро олимон ба Академияи илмҳо пешниҳод карда буданд. Аммо се-чор номеро, ки олимони Академия пешниҳод карда буданд дар ҳоли ҳозир ёрдамчии Президент напазируфтааст. Вале ин гуна нақшаро Академияи илмҳо дошт, ки номи шаҳри Қӯрғонтеппа бояд тағйир дода шавад”.
Ҳарчанд номҳои пешниҳодии Академияи улум барои расонаҳо пешниҳод нашудаанд, вале тибқи баъзе манбаъҳои “Озодагон” онҳо иборат аз “Вахшонгирд, Вахшонмарз, Вахшризм, Вахшвеҷа, Ҳаловард будаанд.
Пешниҳоди тағйири номи шаҳри Қӯрғонтеппа бори нахуст дар солҳои 80-уми асри гузашта аз ҷониби шуморе аз донишмандон дар матбуоти вақт ироа шуда буд. Минбаъд пешниҳодҳо ва назару андеша дар мавриди тағйири номи ин шаҳр борҳо дар матбуот мунташир шуд. Дар ин авохир ҳам ин мавзӯъ дубора мавриди баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо қарор гирифт. Аммо то кунун барои тағйири номи шаҳр ҳукумати он ва ё вилояти Хатлон ибтикоре накардааст. Искандар Абдуллоев, муовини аввали раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам мегӯяд, дар ин росто ҳукумати шаҳр иқдоме накардааст ва ё дархосту супорише ҳам барои тағйир додани номи шаҳр содир нашудааст. "Вакилони шаҳр ҳам дархосте надодаанд",-мегӯяд Искандар Абдуллоев.
Қиёмиддин Сатторӣ, ки нахустин шуда солҳои 80-уми қарни гузашта пешниҳоди тағйири номи ин шаҳрро аз тариқи матбуот ироа кардааст, мегӯяд, ӯ дар ибтидо номи Левакандро пешниҳод намуда буд ва баъдан номи Вахш пешниҳод гардид. Ахиран оқои Сатторӣ матлабе бо номи “Қӯрғонтеппа: Вахш ё Леваканд?” нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, ҳарчанд номи Вахш ё Вахшканду Вахшгирду Вахшон ва ё Леваканд барои ин шаҳр мувофиқ бошанд ҳам, вале тавофуқи назари олимон дар ин замина ҳосил нашудааст ва дар таъини номи ин шаҳр набояд ба шитобкорӣ роҳ дод.
Ҷаноби Сатторӣ пешниҳод мекунад, ки “хуб мешуд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як комиссияи салоҳиятдор аз ҳисоби донишмандони риштаҳои таърих, ҷуғрофия, забоншиносӣ ва махсусан, таърихи забони форсии тоҷикӣ таъсис дода мешуд, то ки қазияи тағйири ҷойномҳо (топонимика) ва эҳёи номҳои миллии ҷуғрофӣ ба таври илмӣ ва бо машварат ҳаллу фасл мегардид”.