Номаи модари Нозима ба Президент: Дар муқаррар намудани ҳолатҳои воқеии куштори мудҳиш мусоидат намоед
Нодира Маҳмудова, модари Нозима, сокини Турсунзода, ки ба таври бераҳмона кушта шуд, аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш дорад, барои одилона баррасӣ намудани қазияи додгоҳӣ расидагӣ кунад. Ӯ дар як нома, ки нусхааш ба дасти “Озодагон” расид, талаб шудааст, ки ба парвандаи марги духтараш мавзӯи “таҷовуз” ҳам пайванд шавад.
Хонум Маҳмудова имрӯз, 20 апрел зимни баромад дар Додгоҳи олӣ гуфт, “ба ман мегӯянд духтарам бокира аст, вале то ҳол натиҷаи ташхисро ба ман надодаанд. Ман талаб дорам, қазияи таҷовузи духтарам низ баррасӣ шавад, зеро 2 рӯз қабл аз маргаш ба ман гуфта буд, Абдулқосим ӯро таҷовуз кардааст”.
Дар қатли Нозима ду нафар гумонбар мешавад – Абдулқосим Норматов ва Раҳимҷон Комилов.
Дилором Норматова, модари Абдулқосим зимни суханронӣ дар мурофиаи имрӯз гуфт, аз муносибати писараш бо Нозима хабар надошт ва барои ҳамин хонаи каси дигар хостгорӣ рафт: “Бо падару модари як духтар суҳбат кардаем барои издивоҷи писарам, бояд пас аз 2 сол тӯй мешуд”.
Шоира Ҳайдарзода, модари Раҳимҷон иброз дошт, фарзандаш 3 сол қабл аз ошёнаи 3-юм афтида ва “хайлӣ” шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, баъди он ҳодиса хотираи фарзандаш заиф шуда ва дар мактаб ҳам хуб таҳсил намекард. “Дар беморхона дар қайди духтур буд, аммо барои табобати доимӣ шароит надоштем”,-афзуд вай.