Лавров: Талоши Оқохони IV танҳо барои исмоилиён нест (ВИДЕО)
Оқохони IV, роҳбари исмоилиёни ҷаҳон имрӯз, 20-уми апрел дар доираи сафараш ба шаҳри Маскав бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия мулоқот ва гуфтушунид кард.
Тибқи навори видеоӣ, ки Вазорати умури хориҷии Русия аз лаҳзаҳои аввали дидори мазкур нашр кардааст, Лавров мегӯяд, аз Оқохони IV суҳбати пурмуҳтаво ва маслиҳатҳои хирадмандона барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонро интизор аст.
Лавров зикр кард, ки 11-уми июли соли равон аз оғози фаъолияти Оқохони IV ба ҳайси роҳбари руҳонии исмоилиёни ҷаҳон расо 60 сол сипарӣ мешавад. Ӯ Оқохони IV-ро дӯсти неку хайрхоҳ хонда, афзуд, ки назару баҳодиҳияшро на танҳо дар мавриди Афғонистон, балки дар дигар масоили мубрами ҷаҳони муосир арҷ мегузоранд: “Назари як шахси хирадманд бисёр муҳим аст. Мо дида истодаем, ки шумо на танҳо барои беҳбуду ҳимояи исмоилиён дар саросари ҷаҳон талош мекунед, балки азми қотеъ барои ҳалли мушкилоти арсаи байналмилалиро доред, ки мутаассифона давоми 10 соли охир хеле зиёд шудаанд ва ин хатарнок аст”.
Лавров афзуд, ки аз дидори Оқохони IV хеле хурсанд аст ва як суҳбати пурмуҳтавои судбахшро интизор мебошад.
Оқохони IV бо изҳори ташаккур ба вазири умури хориҷии Русия муҳимияти ҳамкорӣ бо ин кишварро таъкид намудааст: “Ҳамкории мо на танҳо барои ҷамоати исмоилиён, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хеле муҳим аст. Маҳз айни ҳол мо институтҳои муштаракро таъсис дода истодаем, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ муҳим аст”.