Гуфтанист, нисбати гунаҳкорон дар ин маворид қарорҳои суд ба тасвиб расидаанд.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» давоми моҳҳои январ - сентябри соли равон 118 тӯйхонаҳои дар қаламрави вилоят амалкунанда ба буҷети маҳаллӣ ба маблағи 348 271 сомонӣ ва 269 нафар сарояндагон, наворбардорон, навозандагону раққосон ба маблағи 286 814 сомонӣ андоз супоридаанд: «Ҳамчунин дар ин давра аз ҷониби нозироти андоз барои қонуншиканӣ дар фаъолияти тӯйхонаҳо 29 протокол тартиб дода, нисбати онҳо ба маблағи 9 780 сомонӣ ҷарима андохта шуд».
Бояд гуфт, ки тайи 11 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 17 390 тӯйҳои домодию арӯсӣ, 7 166 хатнасур, 6 426 маъракаи чил, 3 162 маросими сол, дар маҷмӯъ 34 144 маъракаҳо баргузор гардидаанд. Ҳамзамон, дар ин давра 102 сар чорвои калон, 14 029 сар чорвои хурд забҳ гардидааст.