Созишнома барои вуруди сабукравҳои Узбакистон ба бозори Тоҷикистон
Ширкатҳои “Узавтосаноат”-и Узбакистон ва “Лесинвест”-и Тоҷикистон бо имзои як созишнома роҳи вуруди мошинҳои Узбакистонро ба Тоҷикистон ҳамвор кардаанд.
Бино ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ҷонибҳо зери ин созишнома чоршанбеи 19 апрел зимни баргузории форуми соҳибкорони ду кишвар имзо гузоштаанд. Манбаъ мегӯяд, бар асоси ин созишнома ҷониби Узбакистон метавонад автомобилҳои сабукравашро ба Тоҷикистон ворид намояд. Дар доираи ин форум ҳамчунин ширкати “Ғаюр”-и Тоҷикистон бо ширкатҳои “Узавтосаноат”, “TRANSNEFTEGAZ GLOBAL SERVIS” ва чанд ширкати дигар ёддошти тафоҳум ба имзо расондаанд.
Дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, дар форум диққати бештар ба рушди муносиботи тиҷоратии дуҷониба равона гардид. Шариф Саид, раҳбари Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ташрифи ҳайати Узбакистонро “омили бештар тақвият ёфтани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва робитаҳои дӯстии байни халқҳо” унвон кардааст. Ба таъкиди ӯ, афзалиятҳои бештар дар оянда ба рушд ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва наздисарҳадӣ дода мешавад.
Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфтааст, ба роҳ мондани робитаҳои мустақими корӣ ба рушди шарикии ду кишвар мусоидат менамояд: “Миёни кишварҳоямон имконоти зиёд барои ҳамкориҳои дуҷониба аз ҷумла дар соҳаҳои газ ва соҳаҳои энергетика, саноат ва сохтмон, саноати нақлиёт ва кӯҳӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ мавҷуд аст. Мо танҳо як мақсад дорем-беҳтар намудани ҳаёти шаҳрвандонамон ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ аст”.