Бинои Маркази эпидемиологӣ ба коми оташ рафт
Бинои Маркази санитарӣ эпидемиологӣ дар ноҳияи Вахш ба коми оташ рафтааст.
Тибқи иттилои маъмурини оташнишонӣ сӯхтор шаби гузашта дар шаҳраки Вахш рух дода, 70-80 дарсади бинои Марказ хароб шудааст.
Манбаъ афзуд, ки талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст: “Таҳқиқи сабаби сӯхтор ва зарари моддии он феълан мавриди омӯзиш қарор дорад”.