Бозори расмии нақд: Қурби доллар коҳиш ёфт, рубл боло рафт
Бонкҳои Тоҷикистон қурби як долларро, ки аз ҳадди 9 сомонӣ гузашта буд, ахиран поин бурда, имрӯз, 20-уми апрел расман 8,85-8,88 сомонӣ муайян намудаанд.
Бонки Эсхата имрӯз қурби харидуфурӯши доллари нақдро дар саррофиҳояш расман 8,86-8,87 ва Агроинвестбонк 8,85-8,87 сомонӣ муайян кардааст.
Дар баробари поинравии расмии қурби доллар арзиши рубл дар бозори нақд боло рафта, 0,156-0,157 сомонӣ баробар шудааст.
Коҳиши қурби доллар дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон ахиран аз ифтитоҳи 208 парвандаи маъмурию ҷиноӣ алайҳи долларҷаллобон иттилоъ дод. Ин ниҳод гуфт, шахсият ва макони 208 нафарро, ки ғайриқонунӣ ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд машғул шудаанд, муайян карда, ба Прокуратураи генералии кишвар пешниҳод кардааст.
Манбаъ афзуд, бонкҳои кишвар низ қоидаҳои мубодилаи асъори хориҷиро нақз кардаанд: “Аз ташкилотҳои қарзӣ барои ҷой доштани камбудиҳо, аз ҷумла барои риоя накардани тартиби хариду фурӯши асъори хориҷӣ, меъёри мавқеи кушодаи асъор, нодуруст, носаҳеҳ ва саривақт пешниҳод накардани ҳисоботҳо, ҳамагӣ ба маблағи 394,4 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуда, амру супоришҳо нисбати бартараф кардани камбудиҳо дода шудааст”.