Шарҳи Шӯрои уламо дар бораи ташхиси ултрасадои ҳамл
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо такя ба ояти 34-уми сураи “Луқмон” изҳор доштааст, ки он чи дар шиками занони ҳомила аст, писар ё духтар будани онро аз оғози марҳалаи нутфа то дамида шудани рӯҳ ба он фақат Худованд медонаду бас.
Ин нуктаро Шӯро дар посух ба суоли як корбари сомонааш дар мавриди муайян намудани ҷинси ҳамл тариқи ташхиси ултрасадо изҳор доштааст. Корбари сомона аз Шӯрои уламо пурсидааст, ки оё ин амал мухолифи Қуръон нест?
Дар посух Шӯрои уламо гуфтааст, мафҳуми ояти 34-уми сураи “Луқмон” ин аст, ки он чи дар шиками занони ҳомила аст, писар ё духтар будани онро аз оғози марҳалаи нутфа то дамида шудани рӯҳ ба он фақат Худованд медонаду бас: “Аммо пас аз такмили хилқати ҷанин муайян кардани он ба василаи дастгоҳҳои ташхисӣ дар илми ғайб дохил намешавад. Чунки баъзе пиразанони ботаҷриба аз рӯи ҳаракатҳо ва аломатҳои хосси зани ҳомила писар ё духтар будани ҳамли ӯро низ муайян карда метавонанд. Фаромӯш набояд кард, ки дастгоҳи ташхисӣ гоҳе дар муайян намудани ҳамли занон иштибоҳ ва хато мекунад ва акси воқеъиятро нишон медиҳад, ҳамон тавре ки некбахт ё бадбахт будани ҳамлро муайян карда наметавонад”.