Дар нишасти мазкур лоиҳаҳои як қатор қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Тавре котиби матбуотии МН Муҳаммадато Султонов ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар Шўро лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи пурзўр намудани фаъолияти иттилоотии Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи истифодабарии дастгоҳҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақ аи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ ва муҳокимаи аъзои Шўро қарор гирифтанд.
Зимнан, аъзои Шўрои Маҷлиси намояндагон мақсади пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳои мазкур ба ҷаласаи навбатии Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқат кунонидани онҳо ба қонунҳои амалкунандаи ин соҳаҳо, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани ҳолати иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ва дар ин замина баланд бардоштани вазъи зиндагии аҳолӣ арзёбӣ карданд.