Бишкек: Бо Тошканд 1054 ва бо Душанбе 519 км марз мушаххас шуд
Узбакистон ва Қирғизистон беш аз 1000 километр марзашонро мушаххас ва аломатгузорӣ кардаанд.
Дар ин бора дастгоҳи раисиҷумҳури Қирғизистон иттилоъ дода, афзудааст, ки аз 1379 километр минтақаи баҳсӣ ҷонибҳо дар 1054 километр ба мувофиқа расидаанд.
Ба иттилои манбаъ, 21 иншоот, ки қаблан дар истифодаи Узбакистон буданд, ба ихтиёри Қирғизистон гузаштанд.
Дар идома дастгоҳи раисиҷумҳури Қирғизистон ба масоили марзӣ бо Тоҷикистон дахл карда, афзудааст, ки баррасии аломатгузории сарҳад идома дорад: “ “Аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз ҳудуди 519 километар аломатгузорӣ шудааст”.
Дар мавриди масоили марзӣ Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Узбакистон гуфтааст, мувофиқаи ҳосилшуда бояд дар созишномаҳо сабт гардад: “Имрӯз мо оид ба аломатгузории беш аз 1000 километр ба мувофиқа расидем ва созишномаҳоро таҳия дорем, то барои ҳамеша дар таърих сабт намоем, ки ин сарҳадҳо расман эътироф шудаанд”.
Ба мувофиқа расидани ҷонибҳо дар ҳолест, ки рӯзҳои наздик сафари кории Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон ба Узбакитон дар назар аст.