Pajhwok: “Толибон” ҷавону духтарро то дами марг сангсор кардаанд
Аъзои гуруҳи “Толибон” як ҷавон ва як духтарро барои иртиботи ғайримашрӯъ сангсор кардаанд. Дар ин бора пойгоҳи хабарии “Pajhwok” иттилоъ додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса 17 апрел дар маҳалли Муҳаммад Оқои музофоти Лоргар, ки зери назорати “Толибон” аст, ба вуқӯъ пайвастааст. Манбаъ мегӯяд, “Толибон” ин ҷавонҳоро дар мазҳари омм муҷозот намуда, аммо қабл аз ин телефони ҳозиринро гирифтаанд, то касе барои ёрӣ кумак нахоҳад ва ин лаҳзаро навор нагирад. Сангсори ин ду ҷавон баъди он шурӯъ гардида, ки раҳбари “Толибон” ҳукми қатли онҳоро эълон кардааст.
Мақомоти Афғонистон танҳо баъди як рӯз аз ҳодиса воқиф шудаанд.