Пешниҳоди вакил: Журналистон ҳам даромади худро эълом кунанд
Оқилбек Ҷаъфаров, вакили парлумони Қирғизистон пешниҳод кардааст, рӯзноманигорон ҳам муваззаф шаванд, то дар бораи даромадҳои худ гузориш бидиҳанд.
Ин пешниҳоди узви ҷиноҳи “Бир Бол” имрӯз дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон ҳангоми баррасии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи ВАО” садо дод.
Ҷаъфаров гуфт, сармуҳаррирони баъзеи нашрияҳо, ки бо теъдоди камтар аз ҳазор нусха чоп мешаванд, дар хонаҳои боҳашамат зиста, мошинҳои гаронарзиш савор мешаванд. Ба гуфтаи вакил, ин чиз метавонад далели тиҷорати пинҳони онҳо бошад.
“Ҳар касе ки хабаррасонӣ ба сокинонро тавассути ВАО барои худ шуғл ва манбаи даромад қарор додааст, бояд дар бораи охирин дирҳамаш дар назди мардум ҳисобот диҳад. Агар инҳоро ором накунем, навиштани туҳмату овозаҳо ва ба таҳлука андохтани мардумро идома дода, сарват ба даст меоранду дигаронро масхара хоҳанд кард”, - афзуд вакил.
Оқилбек Ҷаъфаров бархе аз рӯзноманигоронро барои тамаъҷӯияшон аз мансабдорон интиқод карда, гуфт, агар касе пул надиҳад, дар борааш матолиби манфӣ хоҳанд навишт. Вай пешниҳод кард, ки барои боло бурдани масъулияти рӯзноманигорон ба кодексҳои маъмурию ҷиноии Қирғизистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шавад.
Кодекси ахлоқи рӯзноманигор дар Қирғизистон соли 2007 қабул шуда, соли 2009 ба он тағйиру иловаҳо ворид гашт. Бар пояи он, рӯзноманигор ҳақ надорад, ки аз касе пул гирад ё матлаби фармоишӣ нависад. Матлабҳое, ки дар ивази маблағ навишта мешаванд, бояд ҳамчун реклама қайд шаванд.