Озмоиши русу чиниҳо дар Тоҷикистон: Тавлиди тилло 40% арзон мешавад
Олимони Русия ва Чин усули нави истихроҷи тиллоро дар Тоҷикистон таҷриба кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо истифодаи ин усул арзиши тавлиди тиллоро 40 дарсад поин мебарад.
Дар ин бора дафтари матбуотии Донишгоҳи тадқиқотӣ-технологии Русия иттилоъ дода, афзудааст, ки усули нав алакай дар кони тиллои Таррори Тоҷикистон санҷида шудааст.
Ба иттилои манбаъ усули нави олимони русу чинӣ каммасраф ва самарабахш мебошад.
Вадим Taрасов, профессори Донишгоҳи мазкур дар суҳбат ба расонаҳои русӣ гуфтааст, таҷрибаи ҷадид имкон медиҳад, ки то 90%-и тиллои дар таркиби маъдан мавҷудбуда ҷудо карда шавад.
Ба гуфти ӯ, дар ҷаҳон имрӯз технологияҳое, ки нишондоди беҳтар доранд, мавҷуданд, аммо арзиши онҳо чунон баланд аст, ки истифодаашон дар саноати истихроҷ рушд накардааст.
Манбаъ афзуд, дар ҳоли ҳозир тиллоро аз маъдан ба воситаи пайвастагиҳои кислотаи сионӣ ва об ҷудо мекунанд, ки то 120 соатро метавонад дар бар гирад: “Дар таҷрибаи нави пешниҳодкардаи олимони рус ва чинӣ барои истихроҷ инчунин амиак низ омехта мешавад, ки чанд бор суръатро тезтар ва тиллоро тозатар истихроҷ мекунад”.
Муаллифони тарҳ мегӯянд, ҷорӣ намудани таҷрибаи нав дар истихроҷи тилло метавонад маблағҳои ҳангуфтро сарфа намояд.