920 метр атлас-натиҷаи семоҳаи кори “Атласи Хуҷанд”
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯяд, корхонаи “Атласи Хуҷанд” дар се моҳи соли ҷорӣ 920 метри мураббаъ атлас истеҳсол кардааст.
Тибқи иттилоияи Вазорат “Атласи Хуҷанд” баъди танаффуси тӯлонӣ бо дастгирии раисиҷумҳури Тоҷикистон дубора ба фаъолият оғоз карда, истеҳсоли атласу адрасро роҳандозӣ намудаст.
Манбаъ афзуд, ки феълан дар 32 дастгоҳи корхона 40 нафар машғули кор буда, зиёда аз 60 намуди матои атлас ва 30 намуди матои адрас истеҳсол мекунанд.