Ин бори аввал аст, ки танҳо занон дар мулоқотҳо ҳузур пайдо мекунанд ва метавонанд аз мақомот ва коршиносон ба суолҳои худ посух гиранд. Зимнан, ноҳияи Вахшу Бохтари вилояти Хатлон, воқеъ дар 100 километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон шоҳиди аввалин ҳамоиш бо занон ва модароне буд, ки фарзандонашон дар муҳоҷират ҳастанд.
Аз ҳукумати ноҳияи Бохтар гуфта буданд, аз ин ноҳия 30 нафар ба созмони ифротии "Давлати исломӣ" пайвастаанд. Ба гузориши расмии пулис аз ноҳияи Вахш низ беш аз 10 нафар ифротӣ шудааст, ки ҷаъман аз ин ду ноҳия 40 нафар дар ба "Давлати исломӣ" пайвастаанд. Аз ин миён 10 нафарашон занону кӯдакон мебошанд.
Аз ҳукумати вилояти Хатлон соли 2016 бо хабарнигорон гуфта буданд, теъдоди афроде, ки ба "Давлати исломӣ" пайвастаанд ба 210 нафар мерасад ва 20 тани онҳо занҳо ҳастанд. Теъдоди кӯдакон 30 нафар гуфта шуда буд. Аммо ҷавононе, ки аз нимароҳ ба Сурия баргаштаанд, ду нафар ҳастанд - яке аз Бохтар дигарӣ аз Шаҳритус ва ҳар ду афв шудаанд.
Ҳамчунин тибқи гузориши Додгоҳи вилояти Хатлон беш аз 60 нафар дар ду соли ахир барои пайравӣ аз ҳаракати мамнӯъи "Салафия", Ҳизби манӯъи наҳзати исломӣ ва ҳам "Гурӯҳи 24" аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон равонаи зиндон шудаанд. Ясриби ХАТЛОНӢ
Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.