Корманди Колеҷи тиббӣ бо гумони гирифтани 700 доллар пора боздошт шудааст
Кормандони пулиси вилояти Суғд як сокини 51-солаи шаҳри Хуҷандро бо иттиҳоми гирифтани ришва дастгир кардаанд.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, боздоштшуда корманди Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд буда, 17 апрели соли равон аз як зани 22-солаи сокини ноҳияи Ашт барои дохил намудани шиносаш ба коллеҷ 700 доллари амрикоӣ талаб кардааст: “Тахминан соати 19:30-и ҳамин рӯз дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ҳангоми гирифтани маблағи мазкур дастгир карда шуд. Далели шайъӣ гирифта шуд”.
Манбаъ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.