Даргузашти бародари Шукурҷон Зуҳуров
Розиқ Зуҳуров, бародари раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров шоми дирӯз даргузашт.
Наздикони Зуҳуров ба “Озодагон” гуфтанд, марҳум аз бемории саратон ранҷ мебурд ва шаби 18 ба 19 апрел дар 54-солагӣ дар беморхонаи Қарияи Боло ин дунёро падруд гуфт: “Маросими ҷаноза зуҳри имрӯз дар зодгоҳи марҳум ноҳияи Панҷ баргузор мешавад”.
Гуруҳи расонаҳои “Озодагон” ба хонаводаи Шукурҷон Зуҳуров изҳори ҳамдардӣ намуда, аз Худованд барояшон сабри ҷамил мехоҳанд.
3 майи соли 2016 Лоиқ Зуҳуров, бародари дигари раиси Маҷлиси намояндагон дар синни 42 аз олам даргузашт.