Ба иттилои мақомоти қудратии кишвар айни ҳол ҳудуди 1100 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафи гуруҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна шомил ҳастанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола иддае аз ҷавонон ба ин гуруҳҳо мепайванданд.
Тибқи иттилои масъулини Вазорати корҳои дохилӣ дар соли 2016 нисбат ба солҳои қаблӣ сафи ҷавононе, ки ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” пайвастаанд ба маротиб кам шудааст. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон 20-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, соли гузашта 40 нафар аз тоҷикистониён ба сафи гурўҳи “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Ба иттилои ӯ, дар соли гузашта 22 шаҳрвандони Тоҷикистон аз сафи гуруҳи “Давлати исломӣ” ихтиёран хориҷ шудаанд. Ба иттилои ВКД айни ҳол ҳудуди 80 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ аъзоёни “Давлати исломӣ” ба Ватан баргаштаанд. Мо бо чанд ҷавоне, ки ҷангҳои Сурияву Ироқро бо чашми худ дидаанд ҳамсӯҳбат шудем ва онҳо пайвастани ҷавононро ба ин гуруҳҳои тундрав чунин шарҳ доданд.
МУҲОҶИР РОҲИ ОСОНИ “САЙД” Ё БИДУНИ ”ПАТЕНТ” БА СУРИЯ?
Бо чор ҷавоне, ки мо суҳбат доштем ҳамагӣ гуфтанд, аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ба ин ҷангҳо бо ҳар роҳҳо ҷалб шудаанд. Ҳатто як нафар мегуфт, қимматии патент дар Русия сабаб шуд, то ба Туркия барои кор биравад ва аз онҷо бо роҳи фиреб вайро ба Сурия бурданд. Ҳақназар Саидов, сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба мо изҳор дошт, дар муҳоҷирати корӣ Анас ном шахс (тоҷик аз шаҳри Норак) маро тариқи сомонаи “Одноклассники” ба кор ба Туркия даъват кард. Ӯ гуфт, дар Русия патент қиммат шудаст ва дар инҷо беҳуҷҷат ҳам кор карда мешавад ва метавонӣ бе ягон монеа кор кунӣ: “Баъдан ман гуфтам, ки пул надорам, Анас рақамҳои шиносномаамро пурсид ва ў аз ҳисоби худаш барои ман чипта хариду ман ба Истамбул рафтам. Маро аслан барои кор ба Туркия даъват карданд, вале баъдан бо роҳи фиреб ба Сурия бурданд. Ман Анасро, ки номи аслияш Анушервон будааст, дар Туркия пайдо кардам. Ӯ гуфт, ки шумо равед мо аз қафо бригадаи нав ҷамъ кардем меоем. Вақте ки сарҳади Туркияро гузаштему дар Сурия қарор гирифтем, фаҳмидам ки ин ҷо чӣ сирре ниҳон аст ва ба Анас занг задам. Аммо ў гуфт, ки шумо аслан дар Туркия қарор доред ва он ҷо назди сарҳад аст. Ҳоло вазъият хуб мешавад. Чаро ман ба Анас бовар кардам? Чунки расмҳоеро равон мекард, ки ҷавонон кор карда истодаанд. Мегуфт, ҳамаи ҳаминҳо тоҷиконанд ва кор карда истодаанд, биёед ҳамин ҷо оромона, бе ягон мамоният кор кунед. Ҳамон инсонҳое, ки дар расм буданд ман онҳоро воқеан дар Туркия дидам. Ин нафарон аслан аз ҳолати мо, ки дар Русия бисёр вазнин аст, истифода мебаранд”.
Ҳамсӯҳбати дигари мо низ аз муҳоҷират ба ин ҷангҳо ҷалб шудааст. Ризвон Аҳмадов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон гуфт: “Дар Русия дар сохтумон кор мекардам ва як ҷавон ҳамроҳи мо буд. Номаш Иброҳим ва ҳамеша аз “Давлати Исломӣ” тарғиб мекард. Мегуфт мусалмонони ҳақиқӣ дар ҳамон ҷо ҳастанд. Баъдан аз ҳисоби худаш барои ман чиптаи Маскав-Туркия харид. Аз фурудгоҳ то як хона бо таксӣ бурданд. Онҷо ду турки дигар ҳамроҳи мо пайваст ва бо автобус тарафи марзи Сурия рафтем. Ҳангоми гузаштан аз сарҳади байни Туркияву Сурия гуфтанд, “бидавед, ки сарҳадбонони турк мепаронанд”.
Аҳмадов илова намуд, ки аз он тарафи марз силоҳбадастон пешвозашон гирифтанд. “Фикр мекардам, ки онҷо як давлати ободи Исломиву ором аст, вале вақте ба он ҷо рафта расидем, танҳо одамкушиву бераҳмиҳоро дидем, ки берун аз қоидаи Ислом будааст”,-гуфт ӯ.
ИНТЕРНЕТ ДОМИ ГУРУҲҲОИ ТЕРОРРИСТӢ…
Масъулин яке аз роҳҳои ҷалби ҷавонони тоҷикро ба сафи гуруҳҳои ифротиро интернет мегӯянд. Бобоҷон Қарабоев, як сокини Ваҳдат ҳам гуфт, вақте дар Русия қарор дошт, тавассути интернет ба ин ҷангҳо ҷалб шуд: “Дар интернет наворҳои зиёдро дар ин маврид тамошо мекардам ва дар шабакаи интернетии “Радиои Зело” бештар ин гурўҳро тарғиб мекарданд. Дар мавриди дини Ислом бисёртар баромад мекарданду ман ба онҳо бовар мекардам. Баъдан дар шабакаи интернетии “Радиои Зело” маро даъват карданд. Аз ҳисоби худашон барои ман чипта хариданд ва то Истамбул рафтам. Онҷо Абдуллоҳ ном як нафар аз вилояти Суғд ҳамроҳам шуд. Аз Туркия то сарҳади Сурия 20 соат бо автобус рафтем. Вақти гузаштани сарҳади Туркия ва Сурия ҳеч мушкил надоштем ва озод гузаштем. Моро ба шаҳри Табқа бурданд. Онҷо зиёда аз 20 ҷавони тоҷик қарор дошт. Ҳудуди якуним моҳ моро дар як таҳхона маҳкам карданд. Вақте мепурсидем чаро чунин мекунед, ҷавоб медоданд, ки шахсияти шуморо бояд муайян кунем, донем, ки кӣ ҳастед ва барои чӣ ба ин давлат омадед”.
ҶАВОНОНИ ТОҶИКРО ЧАНД ДОЛЛАР МЕФУРӮШАНД?
Дар ҷараёни омода кардани ин гузориш ва таҳлили мавзӯъ маълум гардид, ки баъзан ҷавонони тоҷик аз сӯи ҳамватанҳои худ “фурӯхта” мешаванд. Саймумин Ҳакимов, сокини ноҳияи Ёвонро, ки дар Тоҷикистон зану фарзанд доштааст, як ҳамватанаш бо роҳи фиреб барои кор ба Туркия даъват карда, “мефурӯшад”. Ӯ гуфт: “дар Маскав ба таксиронӣ машғул будам. Як муштарӣ бо номи Манон доштам, ки зодаи шаҳри Ваҳдат буд. Ба ман телефон мекард ва то ҷойи даркориаш мебурдам. Як рӯз гуфт, дар Туркия кор аст ва ҳар моҳ 800 доллар медиҳанд. Пурсид, ки рафтан мехоҳӣ? Ман розӣ шудам. Дар Туркия маро Саид ном як ҷавон пешвоз гирифт ва гуфт, кор фардо бегоҳ аниқ мешавад. Фардояш моро дар мошин савор карда, ба сарҳад бурданд. Дар Сурия фаҳмидем, ки Манон барои ҳар нафаре, ки ба Сурия равон мекардааст, 800 доллар мегирифтааст”.
ҶАВОНОНИ ПУШАЙМОНШУДА РОҲИ ФИРОР МЕҶӮЯНД
Ҳамаи ин ҳамсуҳбатҳои мо ба Тоҷикистон баргаштаанд. Онҳо аз шароит ва роҳҳои баргаштанашон ҳам қисса карданд. Ба гуфтаи онҳо барои аз Сурия ба Ватан баргаштан нахуст хоҳиш лозим аст. Ризвон Аҳмадов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, дар Сурия тоҷиконе, ки мехостанд фирор кунанд, кам нестанд: “Аммо метарсиданд, ки ба ҳамроҳони худ бигӯянд. Ҳамроҳи мо дар Сурия як духтари тоҷик буд, рақамҳои телефони як корманди консулии Тоҷикистон дар Туркияро медонист. Ман ба ӯ тариқи Whatsapp занг задам ва бо маслиҳату роҳнамоии вай аз Сурия фирор кардам. Сафорати Тоҷикистон дар Туркия масъулини сарҳадро огоҳ карданд ва мо бо ёрии сафорат ба Туркия гузаштем”.
Тоҷикистон миёни кишварҳои минтақа ягона давлатест, ки эълон кард, нафаронеро ки бо хоҳиши худ аз ҷангҳои кишвари хориҷ меоянд, афв мекунад. Дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон низ моддаи махсус барои афви ин гуруҳ илова шудааст. Сару садоҳое ҳаст, ки нафарони афвшуда ҳоли табоҳе доранд, вале ҳамсуҳбатони мо ин ҳамаро рад мекунанд. Бобоҷон Қарабоев, сокини шаҳри Ваҳдат мегӯяд, барои фирор аз Сурия одамоне ҳастанд, ки мошин ё мотосикл доранд ва аз 200 то 500 доллар гирифта, одамонро то сарҳади Туркия мебаранд: “Агар пул бошад фирор кардан осонтар аст. Дар Сурия ба мо мегуфтанд, ки агар ба Ватани худ баргардед, аз 20 сол то ҳабси якумрӣ таҳдидатон мекунад, вале омадем, чунин гапу хабар набудааст. Моро афв карданд ва ба зиндагии муқарарӣ баргаштем”.
Дар рафти суҳбат бо ин ҷавонон, ки иддао мекарданд бо роҳи фиреб ба ин ҷангҳо ҷалб шуданд, маълум гардид, онҳо аз дини Ислом огоҳии амиқ надоранд. Коршиносон ҳам яке аз сабабҳои ба ҷангҳои бегона рафтани ҷавононро надоштани саводи диниву дунявӣ мегӯянд. Ҳар нафаре, ки саводи диниву дунявӣ дошта бошад, ҳеч гуруҳи террористиву ифротгароӣ наметавонад, ӯро ба сафи худ ҷалб созад.
Завқибек САИДАМИНӢ