Алавӣ: ДИИШ ва “Ал-Қоида” мехоҳанд муттаҳид шаванд
Созмонҳои террористии “Давлати исломӣ” ва “Ал-Қоида” барои муттаҳид шудан музокирот мекунанд. Ин нуктаро Оят Алавӣ, ноиби раисҷумҳури Ироқ дар суҳбат бо Reuters иброз доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин маълумотро рӯзи 17 апрел аз як манбаъ дар Ироқ ва дигар мусоҳибонаш дар минтақа дарёфт кардааст: “Музокирот ҳоло шурӯъ шудааст. Миёни намояндаҳои Бағдодӣ ва Завохирӣ гуфтушунид идома дорад”.
“Давлати исломӣ” соли 2014 аз “Ал-Қоида” ҷудо шуд ва аз он замон онҳоро душмани ҳамдигар медонанд. Завоҳирӣ “Давлати исломӣ”-ро барои қатлҳои ваҳшиёна шадидан интиқод кардааст.