Дар шимоли кишвар 3 нафар бар асари садамаи нақлиётӣ ҳалок гардиданд.
Тарве ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Вектра, сокини 22-солаи шаҳри Истаравшан Хуршед Нӯъмонов, ҳангоми ҳаракат дар масири Душанбе-Хуҷанд-Чанок, дар километри 224-уми ин роҳ воқеъ дар ҷамоати Пошкенти ноҳияи Истаравшан аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, ба дарахт бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Хуршед Нӯъмонов аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ афзуд, мусофирони дигари автомашинаи мазкур, Раҳимов Ҳусейни 20-сола ва Усмонов Фирдавси 21-сола пас аз гирифтани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ аснои интиқол ёфтан ба беморхона ба ҳалокат расидаанд.