Бонки Миллӣ дар бораи 11 сабаби ҷаҳиши $ ва 208 парванда
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, шахсият ва макони нафаронеро, ки ғайриқонунӣ ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд машғул шуданд, муайян карда, ба Прокуратураи генералии кишвар пешниҳод кардааст.
Тибқи иттилои Бонки Миллӣ бар асоси маводи пешниҳодкардаашон додситонии кул ва мақомоти он дар маҳалҳо нисбат ба 208 нафар, аз ҷумла нисбати 159 нафар парвандаи маъмурӣ ва 49 нафар парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ кардааст.
Манбаъ афзуд, ки бонкҳои кишвар низ қоидаҳои мубодилаи асъори хориҷиро нақз кардаанд: “Аз ташкилотҳои қарзӣ барои ҷой доштани камбудиҳо, аз ҷумла барои риоя накардани тартиби хариду фурӯши асъори хориҷӣ, меъёри мавқеи кушодаи асъор, нодуруст, носаҳеҳ ва саривақт пешниҳод накардани ҳисоботҳо, ҳамагӣ ба маблағи 394,4 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуда, амру супоришҳо нисбати бартараф кардани камбудиҳо дода шудааст”.
Дар идома Бонки миллии Тоҷикистон сабабҳои асосии коҳишёбии қурби сомонӣ ва болоравии арзиши долларро баррасӣ карда, онро ба омилҳои зерини берунӣ ва дохилӣ рабт додаст:
1. Ноустувор боқӣ мондани вазъи геосиёсӣ ва ҳолати иқтисодию молиявӣ дар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратӣ;
2. Баланд шудани арзиши доллари ИМА вобаста ба сиёсати пулию қарзии Бонки Марказии Амрико;
3. Паст будани арзиши молҳои асосии содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Омилҳои дохилӣ:
1. Ба таври назаррас афзудани ҳаҷми пул дар солҳои охир, аз ҷумла, дар натиҷаи зиёдшавии маблағгузории барномаҳои муҳими давлатӣ, дастгирии бонкҳои ба мушкилӣ дучоргардида ва хариди тилло барои зиёд кардани захираҳои байналмилалӣ;
2. Ба маротиб кам шудани ҷалби маблағҳо бо асъори хориҷӣ аз ҳисоби ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва дигар донорҳо;
3. Афзудани фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, ҳаҷми савдо ва баландшавии қобилияти харидории аҳолӣ бо дарназардошти афзоиши ҳаҷми интиқолҳо бо рубли русӣ ва баландшавии қурби он дар ин давра;
4. Зарурияти мавсимии азнавбарқароркунии захираҳои молу маводҳои воридотӣ;
5. Афзоиши ҳаҷми умумии маблағҳои пулӣ бо асъори хориҷӣ барои таъмини уҳдадориҳои қарзи беруна ва маблағгузории сохтмони иншоотҳои муҳими давлатӣ;
6. Камшавии вуруди асъори хориҷӣ ва ба таври назаррас кам шудани ҳиссаи доллари ИМА дар ҳаҷми умумии онҳо;
7. Зиёд шудани талаботи ташкилотҳои қарзӣ ба доллари ИМА-и нақд барои бозпас гардонидани амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ;
8. Барҳам хурдани ду ташкилоти қарзӣ, ба мушкилиҳои пардохтпазирӣ дучор гардидани ду бонки низомсоз, коҳиш ёфтани сатҳи эътимоду боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва чун натиҷа, кам шудани пешниҳоди асъори хориҷии нақд ба амонату пасандозҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ.
Дар мавриди он ки Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини устувории қурби пули миллӣ чӣ корҳоро анҷом дода истодааст, масъулини ин ниҳод номбар карданд:
1. Меъёри бозтамвил 3,5 банди фоизӣ то ба 16 фоизи солона баланд бардошта шудааст;
2. Бо мақсади безарар (стерилизатсия) кардани эмиссия барориши коғазҳои қиматнок ба маблағи 2,4 млрд. сомонӣ анҷом дода шудааст. Амалиёти мазкур ҳаҷми пули дар муомилотбударо кам карда, аз ҳисоби хароҷотҳои Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд;
3. Анҷом додани мудохилаҳои асъорӣ дар бозори байнибонкӣ;
4. Фаъолияти муассисаҳои ташкилотҳои қарзие, ки ба анҷомдиҳии амалиётҳои мубодилавӣ ва интиқолӣ машғуланд, аз ҷониби гурӯҳҳои кории доимамалкунандаи Бонки миллии Тоҷикистон ва шуъбаҳои минтақавии он ҳамарӯза зери назорат қарор дошта, нисбати ҳар як ҳодисаи риоя нашудани тартиби анҷомдиҳии ин амалиётҳо чораҳои фаврии таъсиррасонӣ андешида мешаванд.
Дар ҳамин давра аз ташкилотҳои қарзӣ барои ҷой доштани камбудиҳо, аз ҷумла барои риоя накардани тартиби хариду фурӯши асъори хориҷӣ, меъёри мавқеи кушодаи асъор, нодуруст, носаҳеҳ ва саривақт пешниҳод накардани ҳисоботҳо, ҳамагӣ ба маблағи 394,4 ҳаз. сомонӣ ҷарима ситонида, амру супоришҳо нисбати бартараф кардани камбудиҳо дода шудааст;
6. Ба ташкилотҳои қарзӣ оид ба ташкили кори муназзам ва босамари муассисаҳои бонкие, ки ба хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ ва интиқоли маблағҳои пулӣ машғуланд, бахусус, дар рӯзҳои истироҳату ид, таъмини онҳо бо пули нақди миллӣ ва асъори нақди хориҷӣ, кушодани марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии хазинавии шабонарӯзӣ дар марказҳои савдо ва меҳмонхонаҳо, дастур дода шудааст;
7. Бо мақсади ҳалли мушкилоти мавҷуд будани норасоии пешниҳоди асъори хориҷӣ дар ташкилотҳои қарзӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омода кардани нақшаи мушаххаси муҳлатҳои дарёфту пардохти асъори хориҷӣ барои мизоҷон – воридотчиёни молу маводи талаботи аввалиндараҷа супориш дода шудааст;
8. Бо мақсади пешгирии овозаҳо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза оид ба вазъи бозори дохилии асъор, қурби пули миллӣ ва чораҳои таъмини суботу устувории онҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, бахусус, телевизион ва сомонаи худ, ба аҳолӣ иттилои саривақтӣ ва пурра пешниҳод менамояд. Бонки миллии Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи имрӯзаи низоми бонкӣ, бозори дохилии асъор амалӣ кардани чораҳои зарурии таъмини фаъолияти босуботи онҳо ва устувории қурби пули миллиро давом хоҳад дод.