Олег Фейзов дар бораи фарҳанги муштараки тоҷикону узбекҳо
Олег Фейзов, овозхон ва оҳангсози маъруфи тоҷик аз афзоиши танишҳои лафзӣ миёни тоҷикону узбекҳо дар шабакаи интернет изҳори нороҳатӣ карда, таъкид намудааст, ҳарду халқ ҷудонашавандаанд.
Фейзов бо нашри назараш дар интернет гуфтааст, ба ақидаи ӯ фарҳангу санъати узбакҳо низ ба монанди фарҳанги тоҷикон нодир буда, дар зебоӣ камие надорад. Ба андешаи ин овозхон, танишҳои сиёсии саддаи охир ба ҳеч ваҷҳ наметавонанд, ҳаёти ҳазорсолаи муштараки тоҷикону узбакҳоро дар як сарзамин хатчадор кунад: “Дӯстон ба худ оед, мо наздиктар ба ҳамдигар каси дигаре надорем. Бухорои муқаддас ва Самарқанди бузург, ки дар бораи он бисёр мегӯянд, наметавонистанд ба ин ҳад бузург бошанд, агар танҳо аз ҷониби форсҳо ё танҳо аз сӯи туркҳо сохта мешуданд. Ҳамоиши фарҳангҳои мо-нафъи бузургест”.
Ба иддаои Олег Фейзов намояндаи ҳеч фарҳанге ҳақ надорад, халқи дигареро таҳқир кунад: “Инро ба сиёсатмадорон бигузорем, ки ин барояшон нон аст, вале барои мардуми оддӣ заҳр мебошад”.
Изҳори назари Фейзов дар ҳолест, ки дар пайи даргирии ахир дар марзи Тоҷикистону Узбакистон, ки як кушта барҷой гузошт, танишҳои лафзӣ дар шабакаи интернет авҷ гирифтааст.