Мақоми аввали донишомӯзони Душанбе дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
Бештари медалҳои тиллои даври ниҳойии олимпиадаи хонандаҳо насиби донишомӯзони шаҳри Душанбе шудааст.
Аз дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илм ба “Озодагон” гуфтанд, донишомӯзони пойтахт дар маҷмӯъ 35 медал, бо шумули 10 тилло, 10 нуқра ва 15 биринҷиро ба гардан овехтанд. Донишомӯзони вилояти Хатлон бо 27 медал (6 тилло, 7 нуқра ва 14 биринҷӣ) мақоми дувум ва хонандаҳои вилояти Суғд бо 25 медал (7 тилло, 8 нуқра ва 10 биринҷӣ) ҷойи сеюмро соҳиб шудаанд. “Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо гирифтани 7 ҷойи ифтихорӣ ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо гирифтани 2 ҷойи ифтихорӣ зинаҳои минбаъдаро ба даст оварданд”.
Даври ниҳойии олимпиадаи хонандаҳо аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиию риёзӣ рӯзҳои 15-16 апрел дар Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ба иттилои манбаъ, дар он 530 донишомӯз иштирок кардаанд.